Главная / Илм / МАСТОСИТОЗ

МАСТОСИТОЗ

mastositozМАСТОСИТОЗ (Mastocytosis; юн. mast[ig] – фарбеҳ ва юн. cytus – ҳуҷайра), бемории музминест, ки бо осеби пӯст, узвҳои дохилӣ ва устухонҳо падид меояд. Сабаби М. дар бофтаҳо рушд ёфтани ҳуҷайраҳои захим (фарбеҳ) аст. М. шаклҳои гуногун дорад.
М.-и популёзӣ ё саглеси ранга дар ҳама синну сол дучор меояд. Аломати он дар бадан пайдо шудани доғҳои ҷигарӣ ё папулаҳо (қутрашон 3 – 8 мм) мебошад. Яке аз нишонаҳои ташхисии М. алоими Унни аст: ҳангоми молиш додан, доначаҳо сурх шуда, варам мекунанд ва ба обила табдил меёбанд (сабаби ин аз ҳуҷайраҳои захим хориҷ шудани моддаҳои фаъоли биологӣ – гистамин, серотонин, брадикинин аст).
М.-и гиреҳчадор дар кӯдакони то 2-сола ба мушоҳида мерасад; дар бадан пулакчаҳои зард (диаметрашон то 15 мм)-и шабеҳ ба пӯсти афлесун пайдо мешаванд.
М.-и диффузӣ дар ҳар синну сол дучор меояд. Он тамоми пӯстро фаро мегирад. Пӯсти иллатӣ зардчатоб гашта, сатҳи он ба назар суфта ё андаке регдор менамояд.
М.-и буллёзӣ дар кӯдакони то 2-сола зуҳур меёбад. Дар пӯст обилачаҳо (диаметрашон то 20 мм) пайдо мешаванд, ки пур аз моеи шаффоф мебошанд (онҳо баъди чанд рӯз худ аз худ нест шуда мераванд).
М.-ро духтур муолиҷа мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …