Главная / Илм / МАСҲИ ДИЛ

МАСҲИ ДИЛ

mashi-dilМАСҲИ ДИЛ, таъсири механикие, ки ба дил баъди аз кор мондани он (бо мақсади барқарор кардани фаъолият ва таъмини гардиши бефосилаи хун) мерасонанд. Дилро дар ҳама ҳолатҳои аз кор монданаш масҳ мекунанд. Дил бо сабабҳои гуногун аз кор мемонад, мас., ташаннуҷи рагҳои иклилӣ, беқувватӣ, сакта, сахт лат хӯрдан, аз осеби барқ ё ҷараёни электр ва ғ. Аломатҳои ногаҳон аз кор мондани дил чунинанд: беҳушӣ, нест шудани набз дар шараёни хоб, қатъ шудани нафаскашӣ, паридани ранги рӯй, васеъ гаштани мардумаки чашм.
Ду намуди асосии М. д. мавҷуданд: берунӣ (баста) ва дарунӣ (кушода). Масҳи берунии дил ба он асос ёфтааст, ки ҳангоми аз пеш ба ақиб пахш кардани қафаси сина дил чунон фишурда мешавад, ки хун аз ҷавфи он ба рагҳо меравад. Баъди гирифтани дастон дил ҳамвор гашта, дар ҷавфи он хуни варидӣ ҷаббида мешавад.
Масҳи берунии дилро бояд ҳар кас иҷро карда тавонад. Дар сурати аз кор мондани дил масҳро ҳарчӣ зудтар сар кардан лозим аст. Барои гузарондани М. д. бемор ё осебдидаро ба ҷои сахти ҳамвор (рӯи замин, фарш, тахта) мехобонанд; дар ҷои мулоим (мас., бистар) гузарондани М. д. ҷоиз нест. Шахси ёрирасон аз тарафи чап ё рости осебдида истода, кафи дасташро ба чаноғ (сарсина) – и ӯ чунин мегузорад, ки асоси кафи даст дар канори поёни чаноғ ҷойгир шавад. Ба болои ин кафи даст кафи дасти дигарро гузошта, қафаси синаро зуд-зуд аз боло ба ақиб пахш мекунанд (дар ҳар як сон. як маротиба). Баъди ҳар бор пахш кардан, дастро аз қафаси сина гирифтан лозим аст, то ки дил ба ҳолати аввала баргашта бо хун пур шавад. Барои ба дил ҷорӣ шудани хуни варидӣ пои осебдидаро боло мекунанд.
Барои кӯдакони то 10 – 12 – сола масҳи беруниро бо як даст ва барои навзодон бо ду ангушт мегузаронанд. Масҳи берунии дилро албатта бо нафасдиҳии сунъӣ бо усули даҳон ба даҳон ё даҳон ба бинӣ бояд якҷоя гузаронд. Дар ин ҳол баъди ҳар як нафаси сунъӣ панҷ бор пахш кардани дил лозим аст, яъне дар як дақ. дил бояд 60 маротиба пахш карда шуда, 12 маротиба нафаси сунъӣ гирад.
Масҳи беруни дил тадбири осон ва бисёр босамар буда, имкон медиҳад, ки бисёр беморон ва осебдидагон аз марг наҷот дода шаванд. Ин масҳ ба тариқи ёрии аввалин гузаронда мешавад. Муваффақияти масҳи берунии дилро аз рӯи ба ҳолати муқаррарӣ баргаштани мардумаки чашм, пайдоиши набз ва нафаскашӣ муайян мекунанд. М. д. бояд то омадани духтур ё зуҳурёбии аломатҳои марг гузаронда шавад.
Ҳангоми масҳи дарунии дил ҷарроҳ дастро ба қафаси сина дароварда, дилро ҳар сари чанд вақт тазйиқ медиҳад. Чунин намуди М. д.-ро духтур дар сурати аз кор мондани дил зимни ҷарроҳии узвҳои қафаси сина мегузаронад.

Ҳ. Воҳидов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …