Главная / Илм / МАСҲКУНАКИ ЭЛЕКТРӣ

МАСҲКУНАКИ ЭЛЕКТРӣ

elektrМАСҲКУНАКИ ЭЛЕКТРӣ, як навъ асбоб барои масҳ кардани бадан. Асбоби масҳкунии ВМП-1 вибратори электромагнитӣ дорад. Масҳро мулҳақаҳои махсус ба ҷо меоранд, ки онҳо ба тири вибратор насб шудаанд. Асбоб барои танзими шиддати вибратсия танзимгарак низ дорад. ВМП-1 аз ҷараёни электрии 127 ё 220 В кор мекунад.
Масҳкунаки электрии ВМП-1 бо 5 хел мулҳақа таъмин шудааст. Мулҳақаҳои мулоими резини (зангӯлашакли ҷаббанда, дандонадор ва исфанҷӣ)-ро барои масҳи сатҳӣ, мулҳақаҳои сахт (нимдоира ва саққочамонанд)-ро барои масҳи амиқ ё сахт-сахт молидани ҷои масҳшаванда истифода мебаранд.
Масҳ тавассути ВМП-1 гардиши хуну лимфа ва ҷараёни боздориро дар қишри мағзи сар тезонда, рагҳои хунро васеъ мекунад, ғизогирии пӯстро беҳтар гардонда, чандирӣ ва қобилияти кории мушакҳоро меафзояд ва ғ. Масҳкунаки электриро фақат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим. Истифодаи он барои шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, қубо, амрози римнок, хунравӣ ва ғ. манъ аст. Ҳангоми масҳ ба аъзои бадан крем ё дигар моддаҳо молидан ҷоиз мешавад. Ғайр аз ин, мулҳақаро ба бадан сахт фишурдан мумкин нест. Асбобро ба кор андохта, дарҳол иқтидори онро баланд кардан норавост. Баъди ҳар 20 дақ. масҳкунакро 15 – 20 дақ. аз кор бозмедоранд, то ки асбоб аз ҳад зиёд натафсад.
Мулҳақаҳоро бо собунобаи ширгарм шуста, ҳар сари чанд вақт бо спирти обдор пок мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …