Главная / Теги: Тиб (страница 6)

Теги: Тиб

МАРГИ МУФОҶО

margi-mufojo

МАРГИ МУФОҶО, ногаҳон фавтидани одам. М. м. мумкин аст ҳам дар одами тандуруст ва ҳам дар маризе, ки бемориаш аниқ шудаасту вале маҳз ҳамин лаҳза фавтидани ӯ ягон асос надошт, ба вуҷуд ояд. Дар одамони калонсол сабаби М. м. бисёр вақт бемориҳои дил – сактаи мушаки дил, миокардит, нуқси дил, …

Муфассал »

МАРГИМУШ

margimush

МАРГИМУШ (Arsenicum), арсен, As, элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 33, массаи ат. 74,921. Кристалли хокистарранги фӯлодгун. Изотопи собити А.-и табиӣ 75As аст. Дар қишри замин массаи А. 1,7 • 10-4%, бештар дар намуди минералҳои сулфурӣ дучор мешавад. Якчанд намудҳои аллотропии А. вуҷуд доранд. Собиттарини онҳо А.-и хокистарранги …

Муфассал »

МАРГУЛИС Феликс Бенсионович

nophoto

МАРГУЛИС Феликс Бенсионович (тав. 20. 01. 1929, ш. Дзержинскийи вил. Житомири Украина), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1973), профессор. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1952). Мудири шӯъбаи тандурустӣ ва духтури ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳ. Кировобод (ҳоло Панҷ; 1952 – 55), ординатори клиникӣ (1955 – 57), аспирант (1957 – 60), …

Муфассал »

МАРДУМГИЁҲ

mardumgiyoh

МАРДУМГИЁҲ (Panax ginseng), астаранг, ябрӯҳ, ябрӯҳуссанам, одамгиёҳ, женшен, гиёҳест бисёрсола. Баландиаш то 70 см. Пояи рости миёнхолӣ, барги панҷашакл, хӯшагули чатрнамо, гули сафеди дуҷинса, меваи сурхи лӯбиёшакл дорад. М.-и худрӯй дар Шарқи Дур, Хитои Шимолу Шарқӣ ва нимҷаз. Корея месабзад. М. растании гармипарвар ва сояпарвар аст. Одатан, дар сояи алафзори …

Муфассал »

МАРЗАНГӯШ

marzangush

МАРЗАНГӯШ (Majorana hortensis) марзанҷӯш, гӯши муш, майоран, гиёҳест бисёрсола. Растании хушбӯйи райҳонмонанд. Баландиаш 20 – 50 см. Пояи росту сершох, барги майдаи дарозрӯя (1 – 2 см), резагули сафед, гулобӣ ё сурхтоб, хӯшагули кӯтоҳ дорад. Барги тар, хушк ё бирёни онро барои хушбӯйӣ ба таом меандозанд. Аз баргу гулаш равғани …

Муфассал »

МАРИХУАНА

marihuana

МАРИХУАНА (Cannabis sativa), як навъ растанӣ. Солҳои пеш аз он нах ва равған мегирифтанд. Аз нахи М. арғамчин, либос ва ҷиҳози киштӣ тайёр карда мешуд. Хосиятҳои нашъаоварии М. баъди аз ҷониби америкоиён кашф шудани таъсири рӯҳгирои он муқаррар гашт. Аз авв. а. 20 М.-ро ба сифати маводи мухаддир истифода мебурдагӣ …

Муфассал »

МАРКАЗИ САЛОМАТӣ

salomati

МАРКАЗИ САЛОМАТӣ, муассисаи табобатию профилактикӣ. М. с. ба беморон дар хона низ ёрии тиббӣ расонда, тадбирҳои пешгирӣ ва диспансеронӣ меандешад. М. с. бо зиёд будани адади духтурон аз амбулатория фарқ мекунад. Марказҳои саломатие мавҷуданд, ки мустақил ё бо беморхонаҳо якҷоя амал мекунанд. Вобаста ба миқдори аҳолие, ки ба он хизмат …

Муфассал »

МАРМИНҶОН

marminjon

МАРМИНҶОН, мармиҷон, буттаест хазонрез, баъзан ҳамешасабз. М. пояю шохи серхор, барги сербаргчаи мураккаб, себарга ё панҷашакли думчааш дароз, гули дуҷинса, баъзан якҷинсаи сафед, сурх, гулобӣ ва «ғуҷуммева» дорад. Дар Тоҷикистон 2 намуди худрӯйи он (Rubus caesius, R. turkestanica) месабзад. Асосан аз доманаи кӯҳ то баландкӯҳҳо, дар соҳили дарё, канал, чашмасор, …

Муфассал »

МАРҲАМ

marham

МАРҲАМ, навъе аз даво. Асоси М.-ҳоро равған (вазелин, ланолин, чарбуи хук ва ғ.) ва моддаҳои гуногуни доруӣ (ихтиол, сулфур, дерматол, дёгт, кислотаи салитсилат ва ғ.) ташкил медиҳанд. Таъсири М.-ҳо нисбат ба хамираҳо амиқтар аст. Хусусан М.-ҳое, ки дар асоси давоҳои гуногуни синтезӣ таҳия шудаанд, бештар истифода мегарданд; онҳо ба пӯст …

Муфассал »

МАРҶУМАК

grechka

МАРҶУМАК (Fagopyrum sagittatum), гречка, зироатест маъмул. Пояаш сершохчаи сурхтоб, баландиаш 15 – 100 см. Баргаш секунҷаи найзашакл, гулаш гулобӣ ё гулобии сафед, хушбӯй, гултӯдааш хӯшашакл, мевааш чормағзаки сеқирра. М.-ро ҳанӯз 4 ҳаз. сол пеш кишт мекарданд. Дони М. 10 – 12% сафедаи хушҳазм, 60 – 80% оҳар, 2,5 – 3% …

Муфассал »