Главная / Теги: Тиб (страница 7)

Теги: Тиб

МАСКА

maska

МАСКА, як навъ маҳсулоти хӯрокӣ. М. дорои кислотаҳои равғанӣ, миқдори зиёди фосфатидҳо, витаминҳо, ангиштоб, сафеда, об, намакҳои минералӣ буда, организм онро ба осонӣ ҳазм (то 95%) мекунад. Дар 100 г М. 730 ккал мавҷуд аст. М. манбаи витамини А (ба ҳисоби миёна 0,6мг%) буда, витамини D (0,001 – 0,008 мг%), …

Муфассал »

МАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ

zahmbandi

МАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ, захмбанд, маводе, ки барои бастани ҷароҳат ва тайёр кардани бандина истифода мебаранд. Ба сифати М. з. маъмулан пахта ва докаи тамйизшударо кор мефармоянд. Дар баробари ин бинти тӯршакл низ истифода мегардад. Салфетка, бинт ва ношиф (тампон) – ро аз дока тайёр мекунанд. Ба захм бевосита захмбанди тамйизиро мегузоранд; …

Муфассал »

МАСОЛЕҲИ ИЛОВАГИИ ХӯРОКВОРӣ

ilovagi

МАСОЛЕҲИ ИЛОВАГИИ ХӯРОКВОРӣ, моддаҳои табиӣ ва синтезие, ки барои сифату таъми хос пайдо кардани хӯрокворӣ ба кор мебаранд; аҳамияти ғизоӣ надоранд. М. аз рӯи таъинот ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: моддаҳое, ки ғилзат (консистенсия) ва таъми хӯроквориро беҳтар мекунанд (моддаҳои рангбахш, хушбӯ, хуштаъму ширин, турш, шӯр ва ғ.); моддаҳое, ки …

Муфассал »

МАСОРИҚА

masorika

МАСОРИҚА (Mesenterium) мезентерий, банди рӯда. М. рӯдаҳоро устувор ва дар ҳолати овезон нигоҳ медорад. М.-и одам чини шикамро дарбар гирифта, пояи ҳар як узви батнро, ки ба воситаи он узв ба девории ҷавфи шикам маҳкам мешавад, фаро мегирад. Вобаста ба узв М. номи иловагӣ дорад, мас., М.- и рӯдаи ғафс, …

Муфассал »

МАСТАК

mastak

МАСТАК (Thermopsis dolychocarpa), гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершохча, баргаш (дарозиаш 4 – 11 см) сепарраи думчадор (баргчаҳояш нештаршакл), гулаш калони зард, тухмаш бӯри зардтоб (вазни 1000 донааш 20 – 25 г); ғилофакаш паҳн, дарози байзашакл (2 – 11 см), сермӯяку сертухм, нӯгаш дарафшмонанд. Апр. …

Муфассал »

МАСТИТ

mastit

МАСТИТ (Mastitis; аз юн. mastos – пистон), синадард, газаки ғадуди шир. Беморӣ, одатан, баъди чанд вақти кафидани нӯги пистон ба вуҷуд меояд. Ғадуди шир ногаҳон дард мекунад, варамида сахт ва пӯсти он сурх мешавад. Ҳарорати бадан баланд гашта, табларза ба вуҷуд меояд. М. – ро, одатан, микробҳои фасодзо ба вуҷуд …

Муфассал »

МАСТӣ

masti

МАСТӣ, мастшавӣ, тағйири ҷараёни физиологӣ ва рӯҳӣ, ки дар натиҷаи истеъмоли шароб ба амал меояд. Миқдори муайяни алкуҳул хастагии рӯҳиро як дараҷа кам карда, ҳисси хурсандиро ба вуҷуд меорад, кайфиятро хуш мегардонад. Чунин ҳиссиёт барои одам муваққатӣ аст. Шахс баробари афзоиши миқдори спирт ба ҳаяҷон меояд, қобилияти худназоратро гум мекунад, …

Муфассал »

МАСТОДИНИЯ

mastodiniya

МАСТОДИНИЯ (Mastodynia), синадард, дард кардани пистон бар асари бемориҳои гуногуни ғадуди шир. Дар бисёр ҳолатҳо М. бемориест, ки дар рӯзҳои муайян – дар давраи қабл аз ҳайз падид меояд. Сабаби М. ихтилоли тағйироти гормонӣ дар организм мебошад. Барои муолиҷаи М. қабл аз ҳама сабаби онро ошкор кардан лозим аст. Истифодаи …

Муфассал »

МАСТОИДИТ

mastoidit

МАСТОИДИТ (Mastoiditis; юн. mastoeides – монанд ба пистон), илтиҳоби шадиди римдори ҳуҷрачаҳои шохаи пистонакшакл. Бисёр вақт чун оризаи отити шадиди римдор ба вуҷуд меояд. Дар пайдоиши М. баста шудани тарашшӯҳот аз ҷавфи гӯши миёна мақоми хоса дорад. Нишонаи асосии М. шиддат ёфтани дард дар мавзеи шохаи пистонашакл баъд аз 3 …

Муфассал »

МАСТОПАТИЯ

mastopatiya

МАСТОПАТИЯ (Mastopathia; mastos – сина ва pathos – беморӣ), иллати дарднокест, ки ҳангоми он дар қисми болои ғадудҳои ҳар ду сина (аз берун) омосҳои андозаю зичиашон гуногун пайдо мешаванд. Ҳангоми бо даст палмосидан омосҳо мисли рег ё уқдаҳои ҷудогона менамоянд. Дар баъзе мавридҳо дард бевосита пеш ё дар давраи ҳайз …

Муфассал »