Главная / Теги: Тиб (страница 9)

Теги: Тиб

МАХМАЛАК

mahmalak

МАХМАЛАК (Scarlatina), скарлатина, бемории шадиди сироятист, ки бо таб, газаки бодомакҳои гулӯ ва дамидани доначаҳои хурд дар пӯст падид меояд. Барангезандаи М. стрептококк аст (ниг. Бактерияҳо). Бештар кӯдакони 2 – 7-сола М. мешаванд. Беморӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон авҷ мегирад. Сироят аз кӯдаки бемор мегузарад (ӯ барои атрофиён дар муддати …

Муфассал »

МАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР

doktor

МАҲАЛЛАИ НАЗОРАТИ ДУХТУР, минтақаест бо миқдори муайяни сокинон ё коргарону хизматчиёне, ки аз рӯи шарти истеҳсолӣ муттаҳид шудаанд ва ба он дар расондани ёрии тиббӣ, андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳо ва тадқиқи вазъи саломатӣ духтури оилавӣ вобаста карда шудааст. Маҳаллаҳои шаҳрии табобатӣ ба сокинони калонсол, маҳаллаҳои педиатрӣ ба бачагон, сехӣ ба …

Муфассал »

МАҲБАЛ

mahbal

МАҲБАЛ (Vagina), узви таносули дохилии зан, ки дар кори мубошарат ва бордоршавӣ иштирок мекунад. М. як қисми роҳи таваллуд аст. М.-и зан найчаи мушакҳояш чандир (дарозиаш 7 – 9, диаметраш 2 – 3 см) мебошад. Он дар коси хурд байни роҳи пешобгузар ва масона (пешобдон) аз пеш, ҳамчунин рӯдаи рост …

Муфассал »

МАҲЛУЛИ ЛЮГОЛ

lyugol

МАҲЛУЛИ ЛЮГОЛ (Solutio Lugoli), маҳлули йод дар маҳлули обии йодиди калий. Аз номи духтури франсавӣ А. Люгол (1786 – 1851) гирифта шудааст. Аз 1 ҳисса йод, 2 ҳисса йодиди калий ва 17 ҳисса об таркиб ёфтааст. Ҳамчун давои антисептикӣ барои молидан ба луобпардаи гулӯ ва ҳалқ кор фармуда мешавад. Ҳангоми …

Муфассал »

МАҲМАДОВ Фарух Исроилович

nophoto

МАҲМАДОВ Фарух Исроилович (тав. 28. 05. 1974, ноҳ. Ҳамадонӣ), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (2010). Хатмкардаи фак-ти муолиҷаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997). Духтур-интерни Ин-ти такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1997 – 98), мудири кабинети корҳои ташкилию методӣ, ҳамзамон ҷарроҳ (1998 – 2003), мудири шӯъбаи 2-юм (2003 – …

Муфассал »

МАҲМУД ҲАКИМИ ЁФОНӣ

nophoto

МАҲМУД ҲАКИМИ ЁФОНӣ, Маҳмуд ибни Мулло Шодимуҳаммади Ёфонии Қӯқандӣ (1851, Қӯқанд – 1930, ҳамон ҷо), табиб. Дар Бухоро ва Самарқанд таҳсили илм намуда, дар зодгоҳаш Қӯқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. М. дар асоси истифодаи комёбиҳои тибби Шарқ ва таҷрибаву малакаи шахсӣ чанд китоб таълиф намудааст. Дар байни онҳо «Тариқу-л-илоҷ» («Усули …

Муфассал »

МАҲМУДИ ШЕРОЗӣ

nophoto

МАҲМУДИ ШЕРОЗӣ (соли тав. номаълум – ваф. 1533), Маҳмуд ибни Муҳаммади Шерозӣ, табиб, шогирди Ҷалолиддини Даввонӣ. Бо номи «Тӯҳфаи хонӣ» китобе дар боби тиб дорад, ки ба забони форсӣ буда, аз як муҷаллад иборат аст. Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 6, Лубнон, 2007. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ПАДАРИЮ МОДАРӣ

sud

МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ ПАДАРИЮ МОДАРӣ фақат ба воситаи суд ва дар асосҳои қонун роҳ дода мешавад: агар муқаррар шавад, ки падару модар ё яке аз онҳо аз иҷрои вазифаи тарбияи фарзандашон саркашӣ мекунанд (мас., дар хусуси тарбияи ахлоқӣ, инкишофи ҷисмонӣ, таълими онҳо ғамхорӣ намекунанд) ё аз ҳуқуқи падарию модарии …

Муфассал »

МАҲСУЛОТИ ҚАННОДӣ

kanodi

МАҲСУЛОТИ ҚАННОДӣ, ғизоҳоеро гӯянд, ки дар онҳо миқдори қанд нисбатан зиёд буда, хушҳазманд. М. қ. вобаста ба ашёи хоми асосӣ қандин (карамел, конфет, шоколад, мармелад, ҳалво) ва ордӣ (кулчаҳои қандин, вафли, кекс, торт, пирожни) мешавад. Барои тайёр кардани М. қ. ба сифати ашёи хом қанд, шир, какао, сабзавоту мева, орд, …

Муфассал »

МАҶУСИИ АҲВОЗӣ Алӣ ибни Аббоси Маҷуссии Аҳвозӣ

nophoto

МАҶУСИИ АҲВОЗӣ Алӣ ибни Аббоси Маҷуссии Аҳвозӣ (с. тав. номаълум – ваф. 994), олими намоёни тибби а. 10 форс-тоҷик. М. А. дар ш. Аҳвози Эрон таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо зиндаӣ ва эҷод кардааст. Вай доруҳоеро, ки дар Юнони Қадим номаълум буданд, омӯхта, таъсири онҳоро дар ҳайвоноти зинда санҷидааст. М. …

Муфассал »