Главная / Илм / МАСҲ

МАСҲ

mashМАСҲ, массаж, маҷмӯи усулҳои механикӣ (силакунӣ, соиш, молиш, фишурдан, ларзониш), ки барои рафъи дард бо ёрии даст ё олоти махсус ба ҷо меоранд. Таъсири М. ба организм ба ҷараёнҳои мураккаби физиологие, ки дар онҳо бисёр аъзою аҷзо ширкат доранд, вобаста аст, вале мақоми асосиро системаи асабҳо мебозад. Вобаста ба маҳал, тарз, қувват ва давомоти таъсири М. вазъи фаъолияти мағзи сар тағийр меёбад, ҳаяҷонпазирии умумии асабҳо паст ё баланд мешавад. Дар механизми таъсири М. ба истилоҳ омили гуморавӣ (хилтӣ) низ аҳамияти калон дорад: таҳти таъсири М. дар пӯст моддаҳои фаъоли биологӣ, ки дар вокуниши хунрагҳо, интиқоли импулсҳои асаб ва ғ. иштирок мекунанд, ҳосил гардида, ба хун дохил мешаванд. М. дар ҷои таъсири бевоситаи худ ба бофтаҳо таъсири механикӣ (ёзиш, ҷойивазкунӣ, фишор) низ мерасонад, ки дар натиҷа гардиши лимфа, хун ва моеъи байни бофтаҳо суръат мегирад. Таҳти таъсири омили механикӣ хуни бозистода ба ҳаракат медарояд, мубодилаи моддаҳо ва нафаскашӣ ба тавассути пӯст тез мешавад. Пӯст таранг, муқовимати он ба таъсири омилҳои ҳароратӣ ва механикӣ меафзояд, фаъолияти мушакҳо беҳтар, ҳаракати банду буғум зиёд мегардад. М. кори дилро сабук гардонда, хунрагҳоро тамрин медиҳад. Ба туфайли васеъ шудани мӯйраг (капилляр)-ҳо ҳаракати хун дар шараён ва варидҳо тезтар меафзояд. Баъди анҷоми як давраи М. вазъи умумии бемор беҳтар шуда, хастагӣ аз байн меравад. Баъзе навъҳои М. ба он иртиботе, ки қисматҳои муайяни пӯст, чарби зери пӯст ва мушакҳо бо узвҳои дарунӣ доранд, асос ёфтааст; аз ин сабаб ҳангоми М. – и ин ҷойҳо кори узвҳои мутобиқи дарунӣ тағйир меёбад (М.-и рефлексӣ – сегментӣ).
М. умумӣ (тамоми бадан таҳти М. қарор мегирад) ва ҷузъӣ (як қисми бадан – мас., панҷаи по, панҷаи даст ва ғ.-ро М. мекунанд) мешавад.
Молиш усулест, ки бо он М.-ро сар карда анҷом медиҳанд; онро инчунин пас аз анҷоми ҳар як усули навбатӣ ба кор мебаранд. Молиш бо нӯги ангуштон, кафи даст ва пушти панҷа ба дарозӣ ё ба бар (бадан, дасту пой), печдор (шикам, пушт, сурин), морпеч (шикам, банду буғумҳо) иҷро карда мешавад.
Соиш амалест аз молиш зӯртар; ҳангоми он пӯст бо бофтаҳои поёнӣ ба ҳар сӯ ҷойгардон ва ёзонида мешавад. Ин амалро бо ангуштон, буни каф, канори каф, бо муштҳо иҷро мекунанд. Соишро аз марказ ба атроф ва баръакси он оҳиста –оҳиста анҷом медиҳанд. Соиш бофтаҳоро ба диг. навъи М. – фишурдан омода месозад. Соишро пайваста бо молиш ба ҷо меоранд.
Муштмол усули аз ҳама мураккаби М. мебошад. Он нафақат ба бофтаҳои сатҳи бадан, балки ба мушакҳои амиқи он ҳам асар мекунад. Ин усул аз даст гирифтан, андак боло бардоштан, зер кардан ва ё ёзондани бофтаҳо иборат аст. Муштмол фосиладор (канда – канда) ва бефосила (муттасил) мешавад. Онро бо ангуштони як ё ҳар ду даст ба ҷо меоранд.
Ларзониш усулест, ки ҳангоми он пӯсти ягон ҷои баданро ба даст ва ё олоти махсуси М. меларзонанд. Қувват, басомад, суръат ва вусъат (амплитуда)-и ларзиш гуногун аст. Ларзониш номуттасил (тап-тап задан, «қимакунӣ») ва муттасил (таконидан, ларзонидан ва тела додан) мешавад. Ларзонишро бо ёрии ҳаракати навасонии ангуштон ё кафи даст ба амал меоранд. Барои ларзониши тамоми бадан ё ягон қисмати он дастгоҳи М. низ истифода мешавад. Ларзонишро аввал кам-кам ва оҳиста – оҳиста сар карда, баъд суръат ва вусъати онро тадриҷан зиёд мекунанд.
Ҳангоми М. бояд ҷои масҳшавандаи бадан бараҳна ва мушакҳо ниҳоят суст шуда бошанд. Шахси масҳгиранда дароз мекашад ё мешинад. Амалиёти М. аз канор ба марказ равона мешавад. Агар пӯст хушк ва ҳассос ё ҷои захми он дуруст карахш набаста бошад, барои мулоим ва сабук шудани М. вазелини борат мемоланд; агар пӯст равғанин ва серарақ бошад, талқ мепошанд.
Дар мавриди бамориҳои илтиҳобии шадид, амрози хун, тромбофлебит, иллатҳои римноки бадан, дамидани доначаҳо, захминӣ ва озурдагии пӯст, марҳалаи авҷи бемории сил ва омосҳои саратонӣ М. норавост. М.- и умумӣ дарҳол пас аз истеъмоли таом номатлуб аст; фурсати байни истеъмоли таом ва М. бояд камаш 1,5 – 2 соат бошад.
М.- ро массоҳони мутахассис ба ҷо меоранд. Хешу ақрабои бемор фақат баъди аз кормандони тиб гирифтани дастурамали махсус ва фардӣ М. карда метавонанд.
М. аз чунин навъҳои асосӣ иборат аст: шифоӣ,варзишӣ, беҳдоштӣ, ороишӣ. М. – и шифоиро духтур ҳангоми муолиҷаи комплексии амроз ва осеби ҷиҳози такяву ҳаракат ва банду буғум, радикулит (раги қуян), таранҷидан ва ғ. таъин мекунад. Ин навъи М.-ро инчунин ҳангоми баъзе амрози дилу рагҳо, узвҳои нафаскашӣ ва системаи асаб, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (фарбеҳӣ, ниқрис) ва ғ. ба кор мебаранд.
М. – и варзишӣ барои чусту чолокӣ, рафъи хастагӣ, барқарор шудани қувва мадад мерасонад. Он аз М.-и муқаддамотӣ, тамринӣ ва таҷдидӣ иборат аст. М. – и муқаддамотӣ танро бардам, мушакҳоро гарм, қобилияти кории ҷисмро баланд месозад. М. – и таҷдидиро баъди анҷоми кори шадиди ҷисмонӣ (машқҳо ё мусобиқаҳо) барои рафъи хастагӣ, фурӯ нишондани изтироб ба кор мебаранд.
М. – и беҳдоштӣ, одатан, ба машқҳои ҷисмонӣ ва протседураҳои обӣ, пеш аз ҳама бо варзиши пагоҳӣ, якҷоя гузаронда мешавад. М. – и беҳдоштӣ қадду қомати касро зебо нигоҳ медорад, ба кас рӯҳи тоза мебахшад. Яке аз шаклҳои он худмасҳкунӣ аст, ки осону дастрас буда, тарз ва меъёри онро метавон мувофиқи ҳол тағйир дод. Худмасҳкунӣ ба кас нерӯи тоза бахшида, қобилияти корӣ ва тобоварии мушакҳоро зиёд мегардонад, хастагиро рафъ карда, баъди машқҳои ҷисмонӣ барои тезтар барқарор шудани қувва ёрӣ медиҳад. Ҳангоми худмасҳкунӣ ҳамаи қоидаҳои асосии М. риоя карда мешаванд. Дасте, ки бо он масҳ мекунанд, бояд аз канор ба марказ ҳаракат кунад, масҳи зери бағал, хами оринҷ, хами зону ва дигар ҷойҳое, ки ғадудҳои лимфа воқеанд мумкин нест. Дар вақти худмасҳкунӣ вазъи бадан бояд бароҳат бошад, мушакҳо ҳатталимкон суст карда шаванд, массоҳ ба дасташ крем ё вазелини борат бимолад. Муддати худмасҳкунии умумӣ 10 – 15 дақ., қисмҳои ҷудогонаи бадан 5 – 10 дақ. мебошад. Худмасҳкуниро аз панҷаи по сар карда, сипас банди пой, зону, рон, сурин, қитъаи камару чорбанд, тахтапушт, гардан, қисми мӯйдори сар, сина, шикам ва билохир дастро мемоланд.
Масҳи ороиширо, ки пизишки косметолог таъин мекунад, барои таъсир расондан ба ҷойҳои кушодаи пӯст (асосан рӯю гардан), нарехтани мӯи сар ва барҳам додани нуқсҳои гуногун ба кор мебаранд. М. – и ороишӣ фақат дар кабинетҳои пардозгарӣ анҷом дода мешавад.
Барои огоҳ шудан аз М.-и кӯдакон ниг. Навзод, Ширхора.
Ад.: Ахабадзе А.Ф., Арутюнов В.Я., Практическое пособие для медицинских сеттер косметичек-массажисток, Л., 1986; Куничев Л.А., Лечебный массаж, Л., 1986; Готовцев П. И. (ва диг.), Лечебная физическая культура и массаж, М., 1987.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …