Главная / Илм / МАСТОПТОЗ

МАСТОПТОЗ

mastoptozМАСТОПТОЗ (Mastoptosis), овезон шудани сина. М. се дараҷа дорад. Аломатҳои дараҷаи якуми М.: сатҳи пистон бо чини поёни ғадуди шир (хати табиие, ки нимдоираи поёни ғадуди сина ба вуҷуд меорад) баробар аст ё поёнтар (тақр. 1 см) мебошад. Дар мавриди М.-и дараҷаи дуюм пистон аз чини поёни ғадуди шир 1 – 3 см поён ҷойгир мешавад. М.-и дараҷаи сеюм аз чини поёни ғадуди сина 3 см поёнтар фаромадани пистонҳо аст.
Ба пайдоиши М. хурд шудани ҳаҷми ғадуди шир баъди таваллуд, қатъ кардани синамаконӣ, тағйироти гормонӣ, ки ҳангоми ҳайз ба вуҷуд меоянд, суст будани мушакҳои сина, менопауза, фарбеҳии зиёд ва ғ. мусоидат мекунанд.
Роҳи босамари муолиҷаи М. мастопексия (бо ҷарроҳӣ устувор нигоҳ доштани пистон) аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …