Главная / Теги: Тиб (страница 5)

Теги: Тиб

«МАНОФЕЪУ-Л-ИНСОН»

madanu-shifo

«МАНОФЕЪУ-Л-ИНСОН» (Тадбирҳои фоиданок барои инсон), асари Абулғозӣ Баҳодурхон ибни Арабмуҳаммадхони Хоразмӣ (1603 – 64) дар боби тиб. Дар нимаи а. 17 ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Асари мазкур аз муқаддима ва 4 қисм иборат буда, дар бораи хелҳои доруҳои содда ва мураккаб, усулҳои дарёфт, тайёр кардан ва истифодаи онҳо, тарзҳои …

Муфассал »

МАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович

mansurov-hamid

МАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович (тав. 20. 12. 1925, Самарқанд), терапевт, доктори илми тиб (1958), проф. (1961), Узви пайвастаи АИ ҶТ (1978; узви вобаста 1961), Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷ. (1976), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), Мукофоти АИ ҶТ ба номи Е.Н. Павловский (2003). С. 1947, баъди …

Муфассал »

МАНСУРОВА Ирина Ҷафаровна

nophoto

МАНСУРОВА Ирина Ҷафаровна (15. 11. 1925, Бухоро – 06. 04. 1991, ш. Душанбе), духтур ва биохимик, доктори илми тиб (1967), проф. (1969). Донишгоҳи тиббии Самарқандро хатм кардааст (1948). С-ҳои 1951 – 59 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои сироятӣ, ассистенти кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, с-ҳои 1959 – 76 …

Муфассал »

МАНСУРОВА Фарида Ҳамидовна

mansurova-farida

МАНСУРОВА Фарида Ҳамидовна (тав. 1952, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1998), проф. (2007), дорандаи мукофоти АИ ҶТ ба номи Е.Н. Павловский (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1975). Ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ (1977), корманди хурд ва калони илмии шӯъбаи ҷигару ғадуди зери меъда (1977 – 84), …

Муфассал »

МАОРИФИ САНИТАРӣ

maorifi-sanitari

МАОРИФИ САНИТАРӣ, паҳн кардани донишҳои тиббӣ ва гигиенӣ; дар байни аҳолӣ бо мақсади нигаҳдорӣ ва пойдор гардондани саломатии онҳо тарбия намудани малакаҳои беҳдоштӣ. Гузарондани корҳои М. с. яке аз вазифаҳои асосии духтурон аст. Дар амалияи М. с. лексияю сӯҳбатҳои кормандони тиб, тарғиби донишҳои тиббӣ ба воситаи матбуот, радио, кино, телевизион …

Муфассал »

МАРВАЗӣ

nophoto

МАРВАЗӣ, Абдурраҳмон Ҳасани Қуттонии Марвазӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), табиб, риёзидон ва мунаҷҷими а. 12 форс-тоҷик. Дар ш. Марв таваллуд ёфта, таҳсили илм кардааст. М. оид ба тиб «Расоил фи-т-тиб» (Рисолаҳо роҷеъ ба тиб), «Китобу-р-равзот фи-л-ансоб» (Китоб оид ба насабҳо) ва диг. асарҳо эҷод намудааст. Вай дар асарҳояш усулҳои …

Муфассал »

МАРВАК

marvak

МАРВАК (Salvia sсlarea), м а р м а р а к, к а м п и р г у л а к, м а с тур а к, қ а л д и р м о ғ, гиёҳест бисёрсола. Аз 20 то 130 см қад мекашад. Пояи рост ва одатан …

Муфассал »

МАРГ

marg

МАРГ (Exanimatio), аҷал, фавт, бебозгашт қатъ гардидани фаъолияти организм, зинаи охирин ва ногузири ҳаёти ҳар як фард. Дар одаму ҳайвоноти олиташаккул қатъи амалиёти ҳаётан муҳим (нафаскашӣ, гардиши хун) дарҳол боиси ихтилоли бебозгашти сохти ҳуҷайраю бофтаҳо намегардад. Қатъ гаштани ҷараёни мубодилаи моддаҳо ва ихтилоли узву бофтаҳои гуногун якбора фаро намерасад, яъне …

Муфассал »

МАРГИ МУФОҶО

margi-mufojo

МАРГИ МУФОҶО, ногаҳон фавтидани одам. М. м. мумкин аст ҳам дар одами тандуруст ва ҳам дар маризе, ки бемориаш аниқ шудаасту вале маҳз ҳамин лаҳза фавтидани ӯ ягон асос надошт, ба вуҷуд ояд. Дар одамони калонсол сабаби М. м. бисёр вақт бемориҳои дил – сактаи мушаки дил, миокардит, нуқси дил, …

Муфассал »

МАРГИМУШ

margimush

МАРГИМУШ (Arsenicum), арсен, As, элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 33, массаи ат. 74,921. Кристалли хокистарранги фӯлодгун. Изотопи собити А.-и табиӣ 75As аст. Дар қишри замин массаи А. 1,7 • 10-4%, бештар дар намуди минералҳои сулфурӣ дучор мешавад. Якчанд намудҳои аллотропии А. вуҷуд доранд. Собиттарини онҳо А.-и хокистарранги …

Муфассал »