Главная / Илм / МАРГИ МУФОҶО

МАРГИ МУФОҶО

margi-mufojoМАРГИ МУФОҶО, ногаҳон фавтидани одам. М. м. мумкин аст ҳам дар одами тандуруст ва ҳам дар маризе, ки бемориаш аниқ шудаасту вале маҳз ҳамин лаҳза фавтидани ӯ ягон асос надошт, ба вуҷуд ояд.
Дар одамони калонсол сабаби М. м. бисёр вақт бемориҳои дил – сактаи мушаки дил, миокардит, нуқси дил, кардиомиопатия, хуншории майна (ҳангоми аневризмаҳо ё атеросклерози рагҳои он), эмболияи танаи шуш, хуншории сахт бинобар кафидани аневризмаи аорта ё диг. рагҳои калон, шоки анафилаксӣ (ниг. Анафилаксия) мебошанд.
Дар навзодон ва кӯдакони хурд М. м. бисёр вақт ба бемориҳои модарзоди узвҳои ҳаётан муҳим, мубодилаи моддаҳо ва ғ. вобастагӣ дорад. Дар ҳама ҳолатҳои М. м., агар он дар ҳузури кормандони тиббӣ сурат гирифта бошад, андешидани тадбирҳои реаниматсиявӣ зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …