Главная / Теги: Тиб (страница 4)

Теги: Тиб

МАММОГРАФИЯ

mamografiya

МАММОГРАФИЯ (Mammographia; юн. pamma – пистони зан ва …графия), рентгенографияи ғадуди шир бидуни истифодаи васоити рентгеноконтрастӣ. М. усули асосии ташхиси бемориҳои гуногуни ғадуди шир, аз ҷумла бемории саратон дар давраҳои аввал мебошад. М.-ро дар ҳолатҳои дар сина пайдо шудани ҷисми сахти пайдоишаш номаълум, аз пистон омадани тарашшӯҳот (агар ба ҳомилагӣ …

Муфассал »

МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО

tabiat

МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО, хусусияти як қатор бемориҳои сирятист, ки ангезандаи онҳо дар ҳудуди муайян бидуни тамос бо одамон ё ҳайвоноти хонагӣ, дар организми ҳайвоноти ваҳшӣ паразитӣ мекунанд. Чунин бемориҳоро бемориҳои манбаашон табиӣ ва маҳаллеро, ки ангезандаи ин бемориҳо вомехӯрад, манбаи табиӣ меноманд. Мафҳуми «манбаи табиӣ»-ро с. 1938 акад. Е. Н. …

Муфассал »

МАНГАН

mangan

МАНГАН (Manganum), Mn, элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазини сафеди нуқратоб. М.-ро якумин маротиба олими швед Ю. Ган с. 1774 дар натиҷаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт ҳосил намуд. М. 0,1%-и қишри Заминро ташкил мекунад. М. дар саноат бо усули электролиз, …

Муфассал »

МАНЗИЛ

manzil

МАНЗИЛ, хона, маконест барои ҳифзи одам аз таъсири обу ҳаво (гармо, сармо, шамол, барфу борон), инчунин истироҳат ва кору зиндагии инсон. Хона сохтан яке аз намудҳои асосӣ ва фаъолияти нахустини бинокории инсон мебошад. Шаклҳои М. ба дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибатҳои иҷтимоӣ, тарзи зист, хусусиятҳои моддию маънавӣ ва муҳити географӣ …

Муфассал »

«МАНЗУМА ДАР БАЁНИ МУОЛАҶОТ»

kitob

«МАНЗУМА ДАР БАЁНИ МУОЛАҶОТ», асари табиби маъруфи ҳинд Абӯбакри Сиддиқи Ногурӣ. Китоб ба назм буда, с. 1615 ба забони тоҷикӣ тасниф шудааст. Нусхаи хаттии он дар дасти муаллифи китоби «Ас-Сақофату-л-исломия» Абдулҳай ал-Ҳасанӣ маҳфуз будааст. Ад.: Абдулҳай ал-Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983. С. Шаҳобуддинов.

Муфассал »

МАНИДОН

manidon

МАНИДОН (Vesicula seminalis), як ҷуфт ғадуди таносули мардҳо. Дар байни қаъри масона ва рӯдаи рост ҷой гирифтааст; ба девораи қафои ғадуди простата ҷафс мебошад. Бемориҳои М. – киста ва римхалта. Сабаби римхалта баста шудани маҷрои М. бинобар бемориҳои уретит ва простатит аст. Ҳангоми уретрит бисёр вақт илтиҳоби М. низ рух …

Муфассал »

МАНИКЮР

manikyur

МАНИКЮР, нигоҳубини махсуси нохунҳои даст. Маникюрро баъди ҳар 7 – 10 рӯз ин тавр кардан мумкин аст: бо атсетон ё ҳалкунандаи махсус локи пештараро тоза намуда, нохунҳоро бо қайчӣ ё нохунгирак то ҳадди дилхоҳ кӯтоҳ мекунанд. Нохуни ангуштони ғафсу кӯтоҳро дарози байзашакл ва нохуни ангуштони борикро гирда кардан лозим аст. …

Муфассал »

МАНӣ

mani

МАНӣ (юн. sperma – тухм) сперма, моеъи сафедчатоби ғализ, ки мардон ва ҳайвоноти нарина ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мебароранд. Моеи часпаки ширешмонанд буда, бӯи махсус дорад. М. аз ғадуди ҷинсии нарина ҳосил мешавад ва дорои нутфа (сперматозоидҳо) буда, дар афзоиши ҷинсӣ иштирок мекунад. М. сафеда (аз он ҷумла ферментҳо, нуклеопротеидҳо), липид, …

Муфассал »

МАНҚАГӣ

mankagi

МАНҚАГӣ (Rhinolalia), фунгӣ, якбора суст шудани садонокӣ ва тағйири лаҳни овоз, ки бо ихтилоли овозҳои нутқ ҷӯр мегардад; бинобар дар раванди ҳосил гаштани овоз ва артикулятсия ширкат наварзидани ҷавфи бинӣ ба амал меояд. М. дар аснои иллати бинӣ ва пешгоҳи ком пайдо шуда, бо халал ёфтани нафаскашии бинӣ ҳангоми ангурак, …

Муфассал »

«МАН ЛО ЯҲЗУРУҲУ-Т-ТАБИБ»

kitob

«МАН ЛО ЯҲЗУРУҲУ-Т-ТАБИБ» (Китоб барои касе, ки дар наздаш табиб ҳозир нест), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925) дар боби тиб. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Ба қавли Ибни Абиусайбиъа ба номи «Тиббу-л-фуқаро» низ машҳур будааст, зеро дар он дастурҳои саҳлу осон барои муолиҷаи беморон омадааст, ки …

Муфассал »