Главная / Илм / МАРКАЗИ САЛОМАТӣ

МАРКАЗИ САЛОМАТӣ

salomatiМАРКАЗИ САЛОМАТӣ, муассисаи табобатию профилактикӣ. М. с. ба беморон дар хона низ ёрии тиббӣ расонда, тадбирҳои пешгирӣ ва диспансеронӣ меандешад. М. с. бо зиёд будани адади духтурон аз амбулатория фарқ мекунад.
Марказҳои саломатие мавҷуданд, ки мустақил ё бо беморхонаҳо якҷоя амал мекунанд. Вобаста ба миқдори аҳолие, ки ба он хизмат расондан зарур аст, М. с. чанд навъ мешавад: шаҳрӣ (барои калонсолон ва наврасон), шаҳрии кӯдакона, ноҳиявӣ, марказҳои саломатии коркунони роҳи оҳан, донишҷӯён, курортҳо ва гарнизонҳо (барои хизматчиёни ҳарбӣ). Марказҳои махсус низ мавҷуданд, мас., стоматологӣ (барои калонсолон ва кӯдакон), физиотерапевтӣ ва ғ. Дар назди беморхонаҳои вилоятӣ марказҳои машваратӣ, дар назди клиникаҳои институтҳои тадқиқоти илмӣ бошад, марказҳои машваратию ташхисӣ ташкил шудаанд, ки баҳри хубтар шудани табобати беморон д ёрӣ мерасонанд.
Дар тамоми марказҳои саломатӣ беморонро духтурони гуногунихтисос, яъне терапевт, ҷарроҳ, акушер-гинеколог, оториноларинголог, офталмолог (духтури чашм), невропатолог, кардиолог, агар дар минтақа дармонгоҳи стоматологӣ набошад, стоматолог муоина мекунанд. Илова бар ин, дар марказҳои калон беморонро мутахассисони соҳаҳои урология, эндокринология, аллергология ва ғ. муоина менамоянд. Дар М. с., одатан, кабинет (шӯъбаҳо) барои наврасон, бемориҳои сироятӣ, рентгенологӣ, физиотерапевтӣ ва ғ., инчунин лабораторияҳо мавҷуданд.
Барои духтуронро аз корҳои зиёдатӣ озод кардан, дар марказҳо кабинетҳои қабули тодухтурӣ ташкил мешаванд, ки дар онҳо коркунони тиббии маълумоташон миёна баъзе ҳуҷҷатҳои тиббиро ба расмият медароранд, ҳарорати бадан ва фишори хуни беморонро чен мекунанд. Рӯзҳои истироҳат дар М.с. навбатдории духтурон ҷорӣ карда мешавад.
Дар марказҳои калон шӯъба ё кабинетҳои муолиҷаи барқарорсоз мавҷуданд, ки дар онҳо бо истифода аз усулҳои гуногуни муолиҷа, аз ҷумла физиотерапия, варзиши шифоӣ, масҳ ва ғ. қобилияти кории беморон барқарор карда мешавад.
Ҷузъи муҳими фаъолияти М. с. маҳаллаи назорати духтур аст, ки аз рӯи шарти минтақавӣ ё истеҳсолӣ амал мекунад. Ба масъалаи ба коргарони корхонаҳои саноатӣ бештар расондани ёрии тиббӣ диққати махсус дода мешавад.
М. с. тадбирҳои зарурии зиддиэпидемӣ низ гузаронда, касони ба табобати статсионарӣ мӯҳтоҷро ошкор менамояд, онҳоро ба беморхона мехобонад. М. с. инчунин экспертизаи духтурии коршоямӣ мегузаронад, корношоямии муваққатиро муайян менамояд, варақаи беморӣ медиҳад, беморро ба комиссияи тиббии экспертии коршоямӣ (КТЭК) барои ҳалли масъалаи пурра гум кардани қобилияти меҳнатӣ (ниг. Инвалидӣ) мефиристад.
Муҳимтарин бахши фаъолияти М. с. диспансеризатсия аст, яъне одамони ба муоинаи диспансерӣ мӯҳтоҷро муайян намуда, тадбирҳои профилактикӣ меандешад.
Фаъолияти марказҳои саломатии махсус низ, одатан, дар асоси қоидаҳои умумӣ ба роҳ монда шудааст. Маркази стоматологӣ аз рӯи шартҳои минтақавӣ кор мекунад. Фаъолияти маркази физиотерапевтӣ барои барқарор сохтани солимии беморон равона шудааст; дар онҳо усулҳои физиотерапия, варзиши шифоӣ, масҳ ва ғ.-ро истифода мебаранд. Дар курортҳои калон марказҳое мавҷуданд, ки онҳо ба миҷозон ёрии тиббӣ мерасонанд.
Инчунин марказҳои саломатии ба ҳисоби хоҷагӣ коркунанда ташкил шудаанд, ки дар онҳо хоҳишмандон метавонанд ба музд маслиҳати духтуронро гиранд.
Феълан дар ҷумҳурӣ 55 М. с.-и ноҳиявӣ ва 51 М. с.-и шаҳрӣ (аз ҷумла дар ш. Душанбе – 14) фаъолият мекунанд (2011).
С. Р. Миралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …