Главная / Илм / МАРГИМУШ

МАРГИМУШ

margimushМАРГИМУШ (Arsenicum), арсен, As, элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 33, массаи ат. 74,921. Кристалли хокистарранги фӯлодгун. Изотопи собити А.-и табиӣ 75As аст. Дар қишри замин массаи А. 1,7 • 10-4%, бештар дар намуди минералҳои сулфурӣ дучор мешавад. Якчанд намудҳои аллотропии А. вуҷуд доранд. Собиттарини онҳо А.-и хокистарранги ҳарор. гуд. 817°С, зичиаш 5727 кг/м3 (дар ҳарор. 20°С) мебошад. А.-ро дар хӯлаҳо, пайвастҳои онро дар истеҳсоли шиша ва чинӣ, ҳангоми коркарди пӯст ва мӯина, дар кишоварзӣ чун заҳри химиявӣ ва дар тиб чун дору истифода мебаранд. Ҳамаи пайвастҳои ҳалшавандаи А. заҳри қотиланд.
Заҳролудии шадид аз пайвастҳои М. кам дучор меояд. Ба организми одам пайвастҳои М. асосан дар натиҷаи нафас кашидан, баъзан ба воситаи роҳи меъдаю рӯдаҳо ворид мешаванд. Онҳо дар организм дар устухонҳо, ҷигар, гурда, пӯст, мӯй ва нохунҳо гирд меоянд. М. таъсири омософар низ дорад.
Барои пешгирии заҳролудӣ аз М. тоза нигоҳ доштани ҳавои коргоҳ, истифодаи либосҳои махсус, респиратор, дастпӯшак, айнак ва ғ. муҳим аст. Коргароне, ки бо пайвастҳои М. тамос доранд, бояд сари ҳар чанд вақт аз муоинаи духтур гузаранд.
Ба доруҳои М. ангидриди маргимуш (Acidum arsenicosum anhydrium), маҳлули арсенити калий (Liquor Kalii arsenitis), арсенати натрий (Natrii arsenas) мансубанд. Ангидриди маргимушро дар амалияи стоматология кор мефармоянд. Арсенити калий ва арсенати натрий дар якҷоягӣ бо стрихнин ба таркиби доруи «Дуплекс» дохил мешавад (онро барои муолиҷаи шаклҳои сабуки камхунӣ кор мефармоянд).
Пайвастҳои органикии М. ба спирохетҳо, лейшманияҳо, амёбаи исҳоли хунин, трипаносомаҳо, плазмодияҳо, трихомонадаҳо, баъзе гелминтҳо таъсири марговар мерасонанд.
Истифодаи доруҳои М. ба одамони аз 50-сола боло, ҳангоми бемориҳои шадиди сироятӣ (грипп, ангина ва ғ.), амрози шадиди меъдаю рӯда, захми меъда, бемориҳои дил, гепатитҳо, нефрит, омоси гурда, диабети қандӣ, бемории ғадуди сипаршакл ва ғ. ҷоиз нест.

Ҷ.С. Лангариева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …