Главная / Илм / МАРДУМГИЁҲ

МАРДУМГИЁҲ

mardumgiyohМАРДУМГИЁҲ (Panax ginseng), астаранг, ябрӯҳ, ябрӯҳуссанам, одамгиёҳ, женшен, гиёҳест бисёрсола. Баландиаш то 70 см. Пояи рости миёнхолӣ, барги панҷашакл, хӯшагули чатрнамо, гули сафеди дуҷинса, меваи сурхи лӯбиёшакл дорад. М.-и худрӯй дар Шарқи Дур, Хитои Шимолу Шарқӣ ва нимҷаз. Корея месабзад. М. растании гармипарвар ва сояпарвар аст. Одатан, дар сояи алафзори баланд ва анбӯҳи буттаву дарахтзор хуб нумӯъ меёбад. Бештар гурӯҳ-гурӯҳ ё ягон-ягон дучор меояд. Давраи нашви М. дар беша 145 рӯз аст. Сабзиши он аз миёнаҳои май оғоз ёфта, нимаи июн гул мекунад ва мевааш дар нимаи якуми авг. мепазад. Рушду инкишофи М. хеле суст аст. М. соли аввал, одатан, якто ва баъзан дуто барг дорад. Вазни решаи он ҳамагӣ 1 – 2 г мешавад. М.-и 20 – 25-сола 4 – 5-то барг дошта, вазни решааш аз 60 г зиёд нест. М. бори аввал дар 8 – 10 (баъзан 20)-ум соли ҳаёташ гул мекунад.
Хосияти шифобахшии решаи М. 2700 сол то м. маълум буд. Онро қариб дар тамоми маъхазҳои қадимаи тиб ҳамчун давои тамоми бемориҳо қаламдод кардаанд. То а. 19 решаи М. аз тилло дида 18 маротиба қимматар буд. Ба Тоҷикистон М.- ро аз Хитой меоваранд. Алҳол М.-и худрӯй дар дунё хеле кам мондааст. Дар Хитой агар пештар соле то 500 кг ва дар Корея то 20 кг решаи М. тайёр мекарда бошанд, ҳоло на бештар аз 3 – 4 кг тайёр мекунанду халос.
Дар тиб решаи М.-ро чун воситаи муқаввӣ ҳангоми хастагии ҷисмонию рӯҳӣ, заифии организм баъди бемории вазнин, иллати рагу дил, заъфи ғадудҳои ҷинсӣ, бемориҳои асабу рӯҳӣ, диабет, сил ва ғ. истифода мекунанд. Давоҳои М. нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмониро тақвият дода, хобро беҳтар мегардонанд, садо додани гӯшро рафъ месозанд, чашмро равшан мекунанд. М. барои табобати бемории анемия (камхунӣ) давои хеле нофеъ аст. Бино ба ақидаи бисёр мутахассисон М. ҷигарро аз равған гирифтан эмин медорад, истифодаи он дар мавриди бемориҳои миокардиодистрофия ва асаб муфид буда, фаъолияти ҳуҷайраҳои асабро барқарор месозад. М. силсилаи рагҳоро бо оксиген беҳтар таъмин мекунад, онро ба таъсири гипоксия устувор мегардонад. Дар беморон дар мавриди таъйин кардани нақеъи М. вазъи умумии организм беҳтар шуда, сустию бемадорӣ, сардард ва хастагӣ барҳам мехӯрад. Муқаррар шудааст, ки истифодаи давоҳои М. афзоиши омоси саратонро бозмедорад. Дар баробари ин ҳама М. давои сусткамарӣ низ мебошад.
Аз М. нақеъи спиртӣ таҳия месозанд. Бо ин мақсад 50 г решаи тар ё 15 г решаи хушки онро гирифта нағз майда мекунанд ва ба 500 г спирт (300) меандозанд. Зарфро ду ҳафта дар ҷои торик нигоҳ доштан лозим аст. Тарзи истифода: рӯзе 5 – 25 чакрагӣ 20 дақ. пеш аз таом (2 – 3 маротиба). Даври муолиҷа – 90 рӯз; баъди ҳар як моҳ 10 рӯз танаффус кардан лозим. Даворо дар ҷои торик нигоҳ медоранд.
М. барои таҳияи ангубин низ кор фармуда мешавад. Баҳри ин 30 г решаи хушки онро дар қаҳвакӯбак орд мекунанд. Сипас 1 кг асалро гирифта дар ҳаммоми обӣ то 400 гарм ва бо хокаи решаи М. омехта менамоянд. Даворо ба шиша гирифта, дар ҷои торик (ду ҳафта) нигоҳ медоранд. Рӯзе 3 маротиба якқошуқчагӣ (15 – 20 дақ. пеш аз таом) истеъмол кардан лозим. Ангубини М. ҳангоми ҳаяҷонпазирӣ, бехобӣ, гипертония, нуқси дил, атеросклероз, ҳомилагӣ, синамаконӣ ва барои кӯдакони сини то мактабӣ зиён дорад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …