Главная / Илм / МАРЗАНГӯШ

МАРЗАНГӯШ

marzangushМАРЗАНГӯШ (Majorana hortensis) марзанҷӯш, гӯши муш, майоран, гиёҳест бисёрсола. Растании хушбӯйи райҳонмонанд. Баландиаш 20 – 50 см. Пояи росту сершох, барги майдаи дарозрӯя (1 – 2 см), резагули сафед, гулобӣ ё сурхтоб, хӯшагули кӯтоҳ дорад. Барги тар, хушк ё бирёни онро барои хушбӯйӣ ба таом меандозанд. Аз баргу гулаш равғани эфир (то 0,4%) мегиранд. Гулаш сершаҳд аст. М. зироати гармидӯст мебошад. Онро дар хоки сабуки ҳосилхез парвариш карда, 1 – 2 маротиба (дар оғози гулшукуфт) медараванд.
М. ҳамчун растании шифобахш дар тибби Шарқ аз замонҳои қадим истифода мешавад. Абӯалӣ Сино аз равғани М. доруе тайёр мекард, ки дар табобати бемориҳои асаб, фалаҷ ва ғ. ба кор мерафт. Ҷӯшоби М.-ро дар муолиҷаи обхӯра, иллати рӯда, роҳи пешоб ва ғ. истифода мебурд. Аз баргу пояи он барои дарди миён ва омос марҳам таҳия месохт.
Бино ба ақидаи табибони мардумӣ М. ҳазми хӯрокро беҳтар карда, боди шикамро меронад, таъсири пешобронӣ ва таскинбахшӣ дорад. Онро дар тибби бисёр кишварҳо бо мақсади табобати бемориҳои роҳи нафас ва аъзои ҳозима кор мефармоянд. М. барои ашхоси гирифтори бемориҳои меъда парҳезонаи хуб аст. Табибони халқӣ бо М. амрози роҳи ҳозима, асаб, роҳи нафас ва захмҳои гуногунро дармон месозанд. Онро якҷоя бо диг. доруҳо дар мавриди фалаҷ, неврастения, зиқи нафас, зуком кор мефармоянд. Асосан дар шакли нақеъ ва барои тарбандӣ ва обзан (ванна) истифода мешавад.
Ба ақидаи табибони гузашта агар М.-ро бихӯранд, гиреҳҳои майнаро мекушояд, варами узвҳоро таҳлил медиҳад, дилтапак ва заъфи меъдаро шифо мебахшад. Онро дар об ҷӯшонда бинӯшанд, бастагии сӯрохи биниро мекушояд. Молихӯлиё ва каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад, зукомро банд менамояд. Хушки онро кӯфта дар бинӣ бирезанд, майнаро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад. Равғани М.-ро ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба гавҳарак дафъ мекунад, чашми заифро қавӣ мегардонад. М.-ро хоида обашро фурӯ баранд, обравии даҳонро манъ месозад, равғани онро нимгарм дар гӯш чаконанд, гиреҳҳои даруни онро мекушояд. М.-ро бо сирко соида бимоланд, доғи кунҷидак ва бадбӯии арақро дафъ мекунад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …