Главная / Илм / ЛАБЧОКӣ

ЛАБЧОКӣ

labchokiЛАБЧОКӣ, ҷириқ, нуқси инкишофи рӯй. Бисёр вақт дар лаби боло мушоҳида мешавад. Л. баъзан андак буда, гоҳо то ба сӯрохи бинӣ мерасад. Дар баъзе мавридҳо фақат мушакҳои лаб чок мебошанд (Л.-и ниҳонӣ), ки аломати он ҷӯяки чуқур ҳосил кардани пӯсти рӯи осеб аст. Дар сурати пурра чок будани лаби боло кӯдак пистонро бо душворӣ мемакад ё умуман макида наметавонад. Чунин кӯдак сатҳӣ ва тез-тез нафас мегирад. Оризаи асосие, ки дар ин гуна мавридҳо рух менамояд, пневмонияи аспиратсиявӣ аст.
Солҳоидароз сабаби пайдоиши Л. ба олимон маълум набуд. Вале тадқиқоти солҳои охири мутахассисони олмонӣ собит намуданд, ки Л. тамоюли ирсӣ дорад. Яке аз омилҳои асосии номатлуб, ки муҷиби Л. мешавад, дар ибтидои давраи ҳамл ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани модар аст. Бино ба ақидаи бисёр олимон истеъмоли маводи мухаддир, машруботи спиртдор ва тамокукашӣ низ ба пайдоиши Л. мусоидат мекунанд.
Л. ба ҳолати ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдак ягон таъсири номатлуб намерасонад. Бинобар ин ақидае, ки гӯё кӯдаки лабаш чок ноқисулақл мешавад, билкул хатост.
Яке аз проблемаҳои асосие, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани чунин кӯдак сар мезанад, дуруст ғизо додан ба ӯст. Бинобар нуқси лаб тифл наметавонад пистони модарро макад. Дар мавриди ғизо додан ба ин гуна кӯдакон аз чочакҳои калони махсус, ки чанд сӯрохӣ доранд, истифода мекунанд. Кӯдакро метавон бо қошуқча низ ғизо дод. Эҳтиёт шудан лозим аст, ки ғизо ба роҳи нафаси тифл наафтад.
Л. бо роҳи комплексӣ табобат карда мешавад. Лабро дар рӯзҳои аввали баъди таваллуди тифл ҷарроҳӣ мекунанд (он хейлопластика ном дорад). Табобати чунин кӯдакон дар муассисаҳои муолиҷавию профилактикии махсус – марказҳои ҷарроҳии ҷоғу рӯй сурат мегирад. Агар тифл саривақт ва дуруст табобат карда шавад, фарҷоми нуқси инкишоф хуб аст. Ҳангоми гиперплазияи луобпарда ва қабати зери он дар канори лаб чин ҳосил шуда, дар натиҷа лаб ба назар дуто менамояд. Бинобар халал ёфтани ҳаракати лимфа андозаи лаб калон мешавад (макрохейлия); дар баъзе маврид метавонад ахейлия низ ба мушоҳида расад (модарзодӣ вуҷуд надоштани лаб).

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …