Главная / Илм / ЛАКТАТСИЯ

ЛАКТАТСИЯ

lakatsiyaЛАКТАТСИЯ (Lactatio; лот.las, lactis – шир), ҳосил ва ҷудошавии шир дар ғадуди шир.
Ғадуди шир дар давраи ҳомилагӣ дучори тағйирот мегардад. Дар моҳҳои 2 – 3-юми ҳамл он усора хориҷ менамояд, роҳҳои ширгузар васеъ мешаванд, алвеолаҳои ғадуд инкишоф меёбанд. Дастгоҳи олие, ки фаъолияти ғадуди ширро танзим мекунад, қишри мағзи сар мебошад. Баъд аз таваллуд дар организми зан савияи эстроген ва прогестерон паст шуда, гормони ҳиссаи пеши гипофиз – пролактин фаъол мегардад. Ихроҷи онро гипоталамус назорат мекунад. Гормонҳои асаб – окситотсин ва вазопрессин ба маҷрои хун ворид шуда, ба ҳуҷайраҳои ғадуди шир мегузаранд. Онҳо дар ҳуҷайраҳои мазкур ба ихроҷи шир мусоидат менамоянд. Бинобар тағйири мувозанати гормонӣ дар давраи Л. ҳайз қатъ мешавад.
Дар давоми ду рӯзӣ аввали баъди таваллуд ҳангоми фишурдани пистон мумкин аст андаке фалла барояд. Миқдори шир тадриҷан зиёд гашта, дар охири ҳафтаҳои 2 – 3-юми баъди таваллуд ғадуд шири расидаи барои тифл ниҳоят зарур ҳосил мекунад (ниг. Шири модар). Баъд аз 8 – 9 ҳафтаи таваллуд миқдори шаборӯзии шири пистон ба ҳадди бештарин (1 – 1 ½ л) мерасад.
Барои зиёд шудани шир зарур аст, ки ғадудҳои шир пурра холӣ карда шаванд (макондани тифл, дӯшидан ва ғ.). Ғадудҳои шир ба таъсири омилҳои берунӣ ниҳоят ҳассос мебошанд. Л. ба вазъи саломатӣ, конститутсия, синну сол ва ғизои модар, ҳамчунин муносибати ӯ ба кӯдак ва макондан вобастагӣ дорад. Л. одатан дар охири соли аввали ҳаёти кӯдак ва баъди аз сина ҷудо кардани ӯ қатъ мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …