Главная / Илм / ЛАКНАТИ ЗАБОН

ЛАКНАТИ ЗАБОН

laknati-zabonЛАКНАТИ ЗАБОН (Mogilalia pselismus), тутилагӣ, сақавӣ, ихтилоли суръат ва низоми нутқ, ки ҳангоми он садо ва ҳиҷоҳо муддати кӯтоҳ боздошта ё такрор мешаванд. Одатан, забони кӯдакони синни томактабӣ (бештар писарбачаҳо) лакнат пайдо мекунад. Тарс, ҷанҷолҳои оилавӣ, бемориҳои сироятӣ, осеби сар ва ғ. боиси Л. з. мегарданд. Баъзан тақлид ва нутқи вайрони волидайн, хешу табор, кӯдакони дигар низ ба пайдоиши Л. з. мусоидат мекунанд. Л. з. бештар дар кӯдаконе, ки системаи асабашон заиф аст ва зуд ба ҳаяҷон меоянд, пайдо мешавад. Ҳангоми хуб будани вазъият дар оила ва коллективи кӯдакон Л. з. мумкин бидуни табобати махсус бартараф шавад, вале аксаран он боқӣ мемонад ва баъзан ҳатто авҷ мегирад (хусусан овони ҷавонӣ). Баъди 25 – 30 солагӣ Л. з., одатан, кам ва дар миёнсолӣ қариб нест мешавад.
Кӯдакони гирифтори Л. з. азоби рӯҳӣ мекашанд одамгурез, тарсончак, тундмизоҷ мегарданд, аз гап задан дар назди бегонагон шарм медоранд; дар вақти тутилагӣ сурх шуда, арақ мекунанд. Ҳангоми ҳаяҷон Л. з. фузунтар мегардад, ҳаракати ғайриихтиёри дасту пой ба амал меояд. Баъзе шахсони гирифтори тутилагӣ равон гап заданӣ шуда, байни фосилаҳо ягон ҳиҷо ё калимае мегузоранд. Вале аз ин кор худдорӣ бояд кард, зеро истифодаи калима ва ҳиҷоҳои иловагӣ одат шуда, нутқро вайрон мекунад.
Л. з.-ро ҳарчи зудтар табобат кардан зарур аст. Пеш аз ҳама дар оила ва коллектив бояд вазъияти орому хайрхоҳона ба амал оварда шавад, диққати кӯдакро ба Л. з. ҷалб набояд кард. Баъзан баъди ивази коллектив (мас., ба мактаби дигар гузаштан) тутилагӣ худ аз худ барҳам мехӯрад. Барои табобати Л. з. ба логопед муроҷиат кардан лозим аст.ӯ бо кӯдак аз рӯи барномаи махсус машғулият мегузаронад (бо иштироки психоневрологе, ки ба кӯдак ҳангоми гуфтугузор натарсидан, боҷуръат ва ором буданро талқин менамоянд). Ба баъзе кӯдакон табобати нерубахш ва таскиновар таъин мекунанд. Дар сурати тутила будани волидайни кӯдак низ ба логопед муроҷиат намудан зарур аст. Дар натиҷаи бармаҳал ва мунтазам табобат кардан, Л. з. барҳам мехӯрад ё кам мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …