Главная / Илм / ЛАПАРОСКОПИЯ

ЛАПАРОСКОПИЯ

laparoskapiyaЛАПАРОСКОПИЯ, яке аз усулҳои табобат, ки дар мавриди он узвҳои дарун аз сӯрохии хурд (одатан 0,5 – 1,5 см) ҷарроҳӣ карда мешавад. Л.-ро одатан ҳангоми бемориҳои узвҳои ҷавфи шикам ва кос кор мефармоянд.
Л. ба тавассути лапароскоп амалӣ мегардад. Он ғулбаи телескопӣ буда, аз системаи линзаҳо иборат аст ва ба видеокамера пайваст мебошад. Лапароскопҳои ҳозира бо матритсаҳои рақамӣ муҷаҳҳаз буда, тасвири хеле аниқу возеҳро таъмин месозанд. Ба ғулба ҳамчунин ноқили оптикӣ насб карда шудааст, ки манбаи нури «сард» дорад (лампаи галогенӣ ё ксенонӣ). Бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои «корӣ» ҷавфи шикамро одатан бо гази карбонат пур мекунанд. Дар натиҷа шикам мисли пуффак пурбод ва девораи он аз узвҳо дур мешавад. Доираи амалиёти ҷарроҳӣ, ки тавассути лапароскоп иҷро кардан мумкин аст, хеле фаррох мебошад: аз холесистэктомия ва герниопластика то гастрэктомия, ҷарроҳии ғадуди зери меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, рӯдаи ғафс, рӯдаи рост.
Л. усули ҷарроҳии замонавӣ аст. Баъди он бемор аз беморхона зуд ҷавоб дода мешавад (дар 2 – 3 рӯз), эҳсоси дард ба вуҷуд намеояд, дар ҷои ҷарроҳӣ хадша (изи теғ) боқӣ намемонад. Ҷарроҳии лапароскопӣ тадриҷан шӯҳрат ёфта истодааст, зеро дар мавриди он доираи биниш хеле калон буда, амалиёт гӯё дар зери микроскоп (40 маротиба калон) гузаронда мешавад, таҷҳизоти оптикӣ имкон медиҳад, ки ҷарроҳ ба объекти ҷарроҳӣ аз кунҷҳои гуногун (аз ҳар тараф) назар афканад. Аз Л. дар мавриди ҷарроҳии оҷил низ метавон истифода бурд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …