ЛАГОФТАЛМ (Lagophthaemus; юн. lagoos – заргӯшӣ ва ophthalmos – чашм), заргӯшчашмӣ, пурра ҷафс нашудани пилки чашмон, ки дар натиҷа қарния ва мултаҳима хушкида, дучори илтиҳоб мегарданд. Сабаби Л. мумкин аст фалаҷи асаби рӯй, кӯтоҳии модарзодии пилк ё сӯхтану чаппа тоб хӯрдани он, захмдорӣ, экзофталм ва диг. омилҳо бошанд.
Муолиҷаи Л. ба рафъ сохтани сабаби он нигаронда шудааст; аз доруҳои гуногун, мас., марҳаму чакраҳо низ истифода мекунанд (онҳо хушкидани қарнияро пешгирӣ менамоянд).
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …