Главная / Илм / ЛАЗЕР

ЛАЗЕР

lazerЛАЗЕР дар тиб, дастгоҳ барои ҳосил кардани дастаи борики энергияи баландшиддати афканишоти монохрамии шуоъ. Л.-ро соли 1955 Н. Г. Басов, А. М. Прохоров (ИҶШС) ва Ҷ. Таунс (ШМА) ихтироъ карданд (барои ин с. 1964 бо Мукофоти нобелӣ сарфароз гардиданд). Навъҳои гуногуни Л. мавҷуданд: газӣ, моеъӣ ва сахт. Афканишоти лазерӣ метавонад бефосила ва бафосила шавад. Дар тибби клиникӣ – офтолмология, ҷарроҳӣ, травматология, омосшиносӣ, стоматология ва ғ. Л.-и гуногунро истифода мебаранд.
Тарзи кори шуоъи Л.- ӣ ба он асос ёфтааст, ки энергияи ба як дастаи шуоъ ҷамъшуда ҳарорати ҷои шуоърасандаро баланд мебардорад ва коагулятсия (лахтабанди)-и бофтаҳо ё ихтилоли онҳоро ба вуҷуд меоварад. Хусусияти таъсири биологии лазерӣ ба навъи Л., иқтидори энергия, хосияти он, сохт ва сифатҳои биолгии бофтаи шуоъгиранда вобаста аст. Дастаи борики шуоъи пуриқтидор имкон медиҳад, ки дар як ҳиссаи сония ҷои қатъиян муайяни бофта аз нури Л. коагулятсия шавад. Ба ғайр аз коагулятсия гаштан, зери таъсири афканишоти баландиқтидор тағийр ёфтани бофтаҳо низ мумкин аст. Ин ҳолат дар натиҷаи аз ҳарорати баланд фавран ба шакли газ гузаштани моеъи бофта сурат мегирад. Бо нури Л. бидуни хунравӣ бофтаҳоро буридан мумкин аст. Натиҷаи таъсири афканишоти лазерӣ ба навъи бофта, ранг (пигментатсия), ғафсӣ, зичӣ ва дараҷаи бо хун таъмин будани он низ вобаста аст. Иқтидори афканишоти лазерӣ ҳар қадар зиёд бошад, таъсири вай ҳамон қадар бештар мешавад.
Л.-ро аввалин шуда духтурони чашм бо мақсади коагулятсияи шабакияи чашм дар аснои кӯчидан ва канда шудани он, инчунин барои бартараф намудани омосҳои хурди дохили чашм ва сохтани сӯрохии оптикӣ ҳангоми катарактаи такрорӣ истифода бурдаанд. Бо ёрии нештари лазерии ҳозиразамон омосҳои гуногунро мебуранд, онро ҳангоми ҷарроҳии мағзи сар, шуш, ҷигар ва рӯдаҳо кор мефармоянд. Истифодаи чунин «теғ» хусусан ҳангоми ҷарроҳии узвҳое, ки рагҳои зиёди хунгузар доранд, ба мақсад мувофиқ аст (ҳангоми бо нештари оддӣ буридан, хуни бисёр меравад). Бо теғи Л.-и бофтаҳои сӯхтагӣ, захмҳои дершифо, решҳо, ҷойҳои фасоддор ва ғ.-ро буридан мумкин аст. Афканишоти Л.-иро бо мақсадҳои ташхис, муоинаи рагҳои хунгузар, аксгирии узвҳои дарунӣ ва ғ. низ истифода мебаранд. Дар ин маврид афканишоти камиқтидор кор фармуда мешавад. Бо ёрии Л. таҳлили морфологӣ, химиявӣ ва спектрии мабдаъҳои биологиро мегузаронанд.
Вақти истифодаи Л. қоидаҳои бехатарии корро бояд риоя кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …