Главная / Илм / МУТАГЕНЕЗ

МУТАГЕНЕЗ

mutagenezМУТАГЕНЕЗ (аз лот. mutatio – тағйирёбӣ ва юн. genesis – пайдоиш), раванди тағйироти ирсӣ – мутатсия, ки аз таъсири шароити табиӣ (худ аз худ) ё омилҳои гуногуни физикӣ ё химиявӣ (мутагенҳо) ба вуҷуд меояд. Асоси М.-ро тағйирёбии молекулаҳои кислотаҳои нуклеат, ки нигаҳдор ва ноқили ахбори ирсӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Ин тағйирот чун мутатсияҳои генӣ ё ташаккули нави хромосомаҳо ифода меёбад. Механизми М. барои мутагенҳои гуногун ҳар хел аст. Афканишоти ионнок ба кислотаҳои нуклеат бевосита таъсир намуда, атомҳои онҳоро фаъол ва ионизатсия мекунад. Ин боиси канда шудани силсилаи (занҷири) ангиштобу фосфатии молекула ва бандҳои гидрогении байни торҳои комплементарии КДН (кислотаи дезоксирибонуклеат) мегардад.
Ба рафти М. омилҳои гуногуни берунӣ таъсири зиёд мерасонанд, мас., дар зери таъсири афканишоти ионнок суръати мутатсияҳо ҳангоми ба ҳуҷайра дохил шудани оксиген афзуда, ҳангоми норасоии он (агар афканиш дар атмосфераи нитроген ба вуҷуд ояд) суст мешавад. Баъзе моддаҳо М.-ро бозмедоранд. Мас., ба ҳуҷайра фиристодани аденозин ё гуанозин таъсири мутагении аналогҳои пуринии асосҳои нитрогениро бозмедорад, ферменти каталаза самараи мутагении афканиши ионнокро суст мекунад. Ҳангоми таъсири баъзе мутагенҳои химиявӣ мутатсия якбора ё баъди чанд вақт, баъзан баъди иваз шудани чанд насли ҳуҷайра ба вуҷуд меояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …