Главная / Илм / МУХАЛЛАС

МУХАЛЛАС

muhallasМУХАЛЛАС (Dianthus tetralepis), чӯпончой, чинигул, гиёҳест худрӯи бисёрсола. Пояаш рост, сершохча, 15 – 20 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 2 – 5 см, бараш 1 – 2 мм), гулаш гулобӣ, сафед ё арғувонӣ, дар нӯги поя ва шохча яктоӣ мешукуфад. Ғӯзааш сертухм, тухмаш майдаи сипаршакл, сиёҳ. Дар ҷойҳои санглох ва регу шағалдори нишебиҳои кӯҳу соҳили дарёҳо месабзад. Май – июн мешукуфад. Дар Тоҷикистон дар қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз ва ғ. (аз 600 то 2800 м аз с. б) вомехӯрад. Аз гул ва баргу пояи М. ҳамчун чой (махсусан чӯпонҳо) дам карда менӯшанд. Чойи М. фишори баланди хунро паст мекунад, рагҳои сахти хунро ислоҳ мебахшад, фаъолияти меъда, ҷигар ва сипурзро ба низом медарорад, ғадуд ва узвҳои ҳозимаро қавӣ мегардонад, нисён (фаромушхотири)-ро сиҳат мекунад, қувваи мардиро, ки дар одамони ҷавон барҳам хӯрда бошад, барқарор менамояд, ба асабҳои заиф неру ато месозад, касро ҳушёр, зеҳнро тез, ҳофизаро қавӣ мегардонад. Табибони халқӣ ҳамчунин бар ақидаеанд, ки чойи М. дарди пайванду буғумҳо, дарди шонаю андомҳои поёнро рафъ месозад, хунравиҳоро қатъ менамояд, ҳатто омадани ҳайзро дар занҳо бозмедорад, заҳри ҷонваронро аз бадан хориҷ, дарунро нарм ва рӯдаҳоро пурқувват мекунад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …