Главная / Илм / МУТАТСИЯ

МУТАТСИЯ

mutatsiyaМУТАТСИЯ (лот. Mutatio – тағйирёбӣ), тағйирёбии ҳомилини ахбори ирсии организм, ки ба рекомбинатсияи генҳо вобастагӣ надорад. Тамоми набототу ҳайвонот ба М. қобиланд. Тағйироти ногаҳонии ирсие, ки боиси пайдоиши организмҳои дорои хислатҳои нав мегарданд, кайҳо боз маълуманд. Чунончи, тағйири шакл ё ранги баргу меваи наботот, пайдо шудани болҳои иловагӣ дар ҳашарот ва ғ. ҳодисаи муқаррарист. Таҳқиқи илмии М. дар а. 20 ба туфайли кашф шудани механизмҳои асосии интиқоли ахбори ирсӣ (ниг. Ирсият), тадқиқоти сохт ва вазифаи ген муяссар гашт.
Се навъи М. – генӣ, хромосомӣ ва геномӣ мавҷуд аст. М.-и генӣ тағйирёбии сохти ягон ген мебошад. Дар ин ҳол дар молекулаи кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН), ки мабдаи сохти ген мебошад (ниг. Кислотаҳои нуклеат), ҷузъҳои ҷудогона (нуклеотидҳо) мумкин аст иваз шаванд; аз молекулаи КДН қисматҳои дарозтар барҳам мехӯранд ё баръакс, ба он ҷузъҳои иловагӣ ҳамроҳ мешаванд.
М.-ҳои хромосомӣ тағйирёбии гуногуни сохти хромосомаҳо, яъне ташкилиҳои тахсисёфтаи ҳомилини молекулаҳои КДН-и ядрои ҳуҷайра мебошанд. Хромосомаҳо мумкин аст комилан ва қисман дучанд шаванд, қитъаҳои ҷудогонаи хешро талаф диҳанд; як қисми хромосома ба 180° вожгун шавад ё дар дигар ҷои ҳамон хромосома ҷой гирад ва ғ.
Тағйироти адади умумии хромосомаҳоро М.-ҳои геномӣ меноманд. Дар ин ҳол мумкин аст миқдори умумии хромосомаҳои даста ба тариқи каратӣ (дучанд, сечанд ва ғ.) зиёд шавад, хромосомаҳои ҷудогона талаф ёбанд ё баръакс, хромосомаҳои барзиёд ба вуҷуд оянд.
Тағйироти нишонаҳои ирсии организм, ки дар натиҷаи М. рух медиҳад, гуногун мешавад. Агар М. қитъаҳои дуюмдараҷаи сохти ирсиро дарбар гирифта бошад, он гоҳ табаддулоти рӯйдода ба фаъолияти ҳаётии организм чандон таъсир намегузорад ва М. ноаён мемонад. Дар баъзе мавридҳо М. вазифаи организмро халалдор накунад ҳам, хусусиятҳои ирсии онро ба таври назаррас дигаргун месозад (мас., дигаргун шудани ранги пашми насли ҳайвонот ва ғ.). Билохир дар натиҷаи М. мумкин аст фаъолияти ҳаётӣ ба таври ҷиддӣ халал ёфта, ҳатто организм бармаҳал ҳалок гардад. Чунин М.-ҳо як қатор бемориҳои инсон, ба истилоҳ бемориҳои ирсиро ба вуҷуд меоранд.
Дар баъзе мавридҳо М. сифати мутобиқсозандаи нофеъ дорад (мас., тағйир ёфта ба ранги наботот монанд шудани ранги ҳашарот).
Зуҳуроти М. ба ҳуҷайраи мутаҳаввил вобаста аст. М. дар ҳуҷайраҳои ҷанинӣ (барои инсон – тухмҳуҷайра ё нутфа) боиси рушди организми комилан мутағайир гардида, аз насл ба насл мегузарад. М.-ҳои дигар ҳуҷайраҳо (ба истилоҳи М.-ҳои баданӣ) вобаста ба марҳалаи инкишофи организм, ки дар он М. сурат гирифтааст, як қисми муайяни баданро фаро мегиранд. Дар натиҷаи М.-и баданӣ, мас., дар инабияи чашм холҳои рангоранг, дар пӯст доғҳои сафеди бепигмент ва ғ. падид меоянд. М.-ҳои баданӣ аз насл ба насл намегузаранд.
М.-ҳое, ки бидуни таъсири ягон омили берунӣ дар шароити муқаррарии ҳаёти организмҳо ба вуҷуд меоянд, «худруста» ном доранд. Ин қабил М.-ҳо ниҳоят кам вомехӯранд (мас., дар ҳуҷайраҳои ҷанини инсон бо басомади 1:100000).
Соли 1925 ба олимони шуравӣ Г. А. Надсон ва Г. С. Филиппов ба таври сунъӣ зиёд кардани басомади М. муяссар гардид. Як қатор омилҳое, ки бунёди физикӣ, химиявӣ ё биологӣ доранд, яъне мутагенҳо М.-ро ба вуҷуд оварда метавонанд. Самараи мутаген ба миқдор, давомияти таъсири он ва хусусиятҳои организм вобаста аст. Ҳама навъҳои нурафкании ионҳо, афканишоти ултрабунафш, бисёр пайвастҳои химиявӣ ва баъзе вирусҳо ва доруҳо хосияти мутагенӣ зоҳир менамоянд. Чандин алкалоиди наботӣ, баъзе антибиотикҳо, сулфаниламидҳо ва моддаҳои гандзудой мутагенҳои қавӣ ба шумор мераванд. Ба баъзе маҳсули метаболизми ҳуҷайра (переоксидҳо, радикалҳои озод ва ғ.) низ фаъолии мутагенӣ хос аст. Басомади М.-ҳои инсон ва ҳайвонро мавҷудоти туфайлие, ки дар бадани онҳо зиндагӣ мекунанд, метавонанд тағйир диҳанд.
Масъалаи мутагенез (рушди М.) вақтҳои охир ба муносибати ифлосии муҳити зист аҳамияти хоса пайдо кард. Тамаркузи миёнаи мутагенҳо, ки имрӯз дар муҳити зист муайян карда мешавад, ба ҷонварони озмунӣ таъсири манфӣ намерасонад. Вале бояд дар назар дошт, ки омилҳои гуногуни ифлоссозандаи муҳити зист ба якдигар таъсири мутақобила расонда, таҳаввулоти мураккаби химиявӣ ва биологиро аз сар мегузаронанд ва дар ниҳояти кор комплексҳои фаъоли мутагенӣ ҳосил мекунанд.
Осеби молекулаи КДН ҳатман боиси М. нагардида, мумкин аст ба туфайли системаҳои муассире, ки дар ҳуҷайра вуҷуд доранду осебҳои генетикиро бартараф месозанд, беасар аз байн равад. Зуҳуроти гени мутантӣ мумкин аз таъсири гени дигар фурӯ нишинад. Дар ин маврид гени мутантӣ аз насл банасл мегузарад ва фақат дар сурате падид меояд, ки дар ҳуҷайраи ҷанин ду гени мутантии яксон бо якдигар дучор шаванд. Бархе аз М.-ҳо фақат дар шароити муайяни зиндагӣ (мас., дар ҳарорати муайяни парвариши микроорганизмҳои мутантӣ) зоҳир мешаванд.
Қобилияти мутатсиони (тағйирдиҳи)-и генҳо зери назорати генетикӣ аст. Дар дастаи умумии генҳо генҳое ёфт шудаанд, ки ба фаъолии ферментҳо асар карда, басомади таҳаввули генҳои ҷудогона ё кулли генҳоро дигаргун месозанд. Чанде аз онҳо басомади таҳаввулро зиёд, дигарҳояшон кам мекунанд. Агар балоравии басомади таҳаввул боиси афзудани дигаргуниҳои барои организм номатлуб гардад, пас камшавии тағйирот барои тамоми намуди мазкур созгор намебошад, зеро имкониятҳои мутобиқатии онро маҳдуд месозад.

Р. А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …