Главная / Илм / МУХАМЕДОВА Светлана Галиевна

МУХАМЕДОВА Светлана Галиевна

svetlanaМУХАМЕДОВА Светлана Галиевна (тав. 14. 10. 1952, ш. Душанбе), доктори илми биология (2004). Хатмкардаи ДДТ (ҳоло ДМТ, 1976). Лаборанти лабораторияи истеҳсолии Комбинати абрешими Душанбе (1969 – 73), лаборант (1973 – 77), ходими хурди шӯъбаи морфология (1977 – 89), ходими калони илмии Лабораторияи марказии тадқиқоти илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1989 – 92), духтур-лаборанти шӯъбаи ситоморфологияи Маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо (1992 – 93), ассистент (1993 – 96), дотсент (1993 – 2006) ва аз сент. 2006 мудири кафедраи гистологияи ДДТТ. Оид ба масоили морфогенез ва таҷдиди бофтаю узвҳо, нефрогенези бармаҳали баъди таваллуд ва ангезапазирии синусолии гурда дар шароити баландкӯҳ пажӯҳишҳо анҷом додааст. Муаллифи 109 асару мақолаҳои илмӣ ва таълимию методӣ, аз ҷумла 10 пешниҳоди навоварона, 1 дастури таълимӣ ва 2 тавсияи методӣ мебошад.
Ос.: Учение о клетке, Д., 1996; Влияние настойки чормагза на структуру и физиологическую регенерацию почки в эксперименте. Доклады АН РТ, Д., 1998, т. 42, №5 – 6; Влияние экспериментальных факторов высокогорья на степень гипертрофии клеток разных отделов нефрона почки, оставшейся после односторонней нефрэктомии. «Вестник Авиценны», Д., 2002, №3 – 4; Особенности функциональной деятельности нефронов оставшейся после нефрэктомии почки в условиях высокогорья. Доклады АН РТ, Д., 2006, №6.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …