Главная / Илм / АНТИВИТАМИНҲО

АНТИВИТАМИНҲО

antivitaminАНТИВИТАМИНҲО (аз анти… ва витаминҳо), пайвастҳое, ки сохти химиявиашон ба витаминҳо монанд аст, вале таъсири биологии зидди витаминӣ зоҳир менамоянд. А. ҳангоми ба организм роҳ ёфтан, ба ҷойи витаминҳо дар реаксияҳои мубодилаи моддаҳо иштирок карда, ҷараёни мӯътадили онҳоро суст ё халалдор месозанд. Ин боиси норасогии витамин дар организм мегардад (ҳатто дар сурате, ки витаминҳо тавассути ғизо ба организм пурра ворид ё дар организм ба миқдори зарурӣ ҳосил мешаванд). Қариб ҳамаи витаминҳо А. доранд. Мас., А.-и витамини В1 (тиамин) пиритиамин буда, он бемории полиневритро ба вуҷуд меорад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …