Главная / Илм / АНОРЕКСИЯ

АНОРЕКСИЯ

anorekciyaАНОРЕКСИЯ (Anorexia; аз an – ҳиссачаи инкорӣ ва orexis – иштиҳо), набудани иштиҳо (дар ҳолати вуҷуд доштани талаботи физиологӣ ба он). А. дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти маркази тағзия ба вуҷуд меояд. Сабаби А. бемориҳои рӯҳӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои дохилӣ, заҳролудӣ, халал ёфтани мубодилаи моддаҳо, бемориҳои узвҳои ҳозима (гастрити шадид, саратон, гастродуоденит ва ғ.), ғизои якхела ва бемаза, истеъмоли доруҳои гуногун, бемориҳои сироятӣ ва ғ. мебошанд. Ҳангоми тӯлонӣ будани А. муқовимати организм суст ва ҳассосияти он нисбат ба бемориҳо зиёд мешавад. Дар кӯдакони хурдсол А. дар натиҷаи зӯран маконидан ва риоя накардани қоидаҳои ғизодиҳӣ ба амал меояд.
А. метавонад аломати ягон беморӣ ё худ бемории алоҳида бошад (А.-и алоимӣ). Дар мавриди охирӣ А. дар натиҷаи вокуниши асабӣ ба таъсироти номатлуби гуногун рух менамояд.
Муолиҷаи А.-и алоимӣ бояд ба рафъ сохтани бемории асосӣ равона шавад. Гоҳо ба табобати рӯҳӣ низ эҳтиёт меафтад. Ҳамчунин обутоби силсилаи асаб (сайругашт дар ҳавои тоза, обшифоӣ, истифодаи доруҳои таскинбахш) ва машғул шудан ба кори дилхоҳ низ манфиат мерасонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …