Главная / Теги: Тиб (страница 172)

Теги: Тиб

АОРТА

aorty

АОРТА (Aorta), шоҳраг, абҳар, раги шараёнӣ, ки аз меъдачаи чапи дил ибтидо мегирад. А. аз қисми болорав, камонак ва қисми поёнрав иборат аст. Қисми поёнрав то назди диафрагма А.-и сина ном дорад. Қисми аз диафрагма поёни онро А.-и шикам меноманд. Он дар савияи мӯҳраи IV миён ба шараён (артерия)-ҳои тиҳигоҳии …

Муфассал »

АОРТИТ

aortit-sifiliticheskij-simptomy

АОРТИТ, илтиҳоби девораи аорта. А. шадид, зершадид ва музмин мешавад. А.-и шадид дар мавриди бемориҳои шадиди сироятӣ ё ягон осеб инкишоф меёбад. А.-и музмин дар заминаи А.-и шадид, бемориҳои сироятии музмин, хусусан, сифилис, тарбод сар мезанад. А. бештар оризаи сифилис аст. Ҳангоми А. асосан аортаи болорав осеб меёбад. Дар натиҷа …

Муфассал »

АПАТИЯ

appatiya

АПАТИЯ (аз юн. apatheia – бетаваҷҷӯҳӣ), бетафовутӣ, бетарафӣ нисбат ба атрофиён. Ҳолати маризиест, ки дар мавриди он шахс нисбат ба ҳама гуна амалиёту воқеаҳо бетафовут ва беэътино мешавад (фалаҷи эҳсосот). Бисёр вақт А. бо амбулия (зафъи умумии фаъолияти рӯҳӣ) ҷӯр мегардад. Чунин беморон камҳаракат, камгап, беташаббус ва берағбат мебошанд. Алоими …

Муфассал »

АПОНЕВРОЗ

aponevroz

АПОНЕВРОЗ (Aponeurosis), лавҳачаи паҳни бофтаҳои пайвандӣ, ки аз нахҳои устувор ва чандир таркиб ёфтааст. Тавассути ин гуна лавҳачаҳо мушакҳо ба устухон ё дигар бофтаҳои бадан пайваст мешаванд. Ниём (мушакпарда)-и зери пӯсти кафи пой, кафи даст, қисми мӯйдори сарро низ А. меноманд. Ранги А. сафеди нуқрагун аст. Аз ҷиҳати сохтори гистологӣ …

Муфассал »

АППЕНДИКС

appendix

АППЕНДИКС (аз лот. appendix – замима, зоид), кирмрӯда, изофаи кирмшакли кӯррӯда. А.-и одам 1 – 28 см, қутраш 4 – 5 мм аст. Дарозии А. баъзан то 28 см мешавад; дарозии А.-и навзодон 3 – 5 см, кӯдакони 10 – 12-сола 9,5 см аст. Дар баъзе ҳолатҳо одам метавонад А. …

Муфассал »

АППЕНДИТСИТ

appendicit

АППЕНДИТСИТ (Appendicitis), илтиҳоби кирмрӯда, газаки изофаи кирмшакл (аппендикс)-и кӯррӯда. Дар рӯдаи одам микроорганизмҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо одатан бемориовар нестанд. Аммо дар баъзе мавридҳо хосияти номатлуби онҳо зуҳур ёфта, боиси газаки рӯда мегарданд. Мас., яке аз сабабҳои пайдоиши А. аз изофаи кирмшакл ба кӯрруда бо душворӣ гузаштани муҳтавои рӯда …

Муфассал »

АППЛИКАТСИЯ

374_original

АППЛИКАТСИЯ (Applicatio), амалест, ки бо мақсади нигоҳубини ҷавфи даҳон ба кор бурда мешавад. Порчаи докаро ба маҳлули 0,1%-и риванол ё доруҳои дигар тар карда, ба луобпардаи даҳон мегузоранд. Ин амал рӯзе чанд маротиба (3 – 5 дақиқагӣ) такрор карда мешавад. А.-и ҷароҳатҳоро низ ба ҳамин усул гузаронидан мумкин аст.

Муфассал »

АПРАКСИЯ

dvigatelnaja-apraksija-300x227

АПРАКСИЯ (юн. apraxia – бефаъолиятӣ), ихтилоли фаъолияти мақсаднок, ки бинобар осеби қисмҳои гуногуни қишри мағзи сар пайдо мешавад. А. ҳангоми омоси майна, энсефалит ва ғ. сар мезанад. Вобаста ба мавзеи иллат чанд навъи А.-ро фарқ мекунанд (мас., фазоӣ, мушакӣ, даҳонӣ ва ғ.). Сабаби А.-и фазоӣ осеби қисми пушти сару зери …

Муфассал »

АРАҚ

320px-wodkaflaschen

АРАҚ, нӯшокии спиртдор; омехтаи спирт ва об. А.-ро аз ҷавдор, гандум ва ҷав мекашанд. Барои тайёр кардани А. омехтаи спирт ва об аз қабати ангишти фаъол гузаронида мешавад. А. метавонад аз 40, 50, 56 фоизи ҳаҷми спирт иборат бошад. Ба А. қиёмҳои гуногун низ ҳамроҳ менамоянд. Баъзе анвои А.-ро бо …

Муфассал »