Главная / Илм / АНОСМИЯ

АНОСМИЯ

anosmiyaАНОСМИЯ (аз юн. an – ҳиссачаи инкорӣ ва osme – бӯй), набудани эҳсоси шомма. А. ҳангоми тағйироти луобпардаи бинӣ (варам кардани он, мавҷудияти полип, омос, каҷ шудани девораи бинӣ, атрезияи роҳи бинӣ ва ғ.), зуком, назла, грипп, баъзан дар вақти бемориҳои майна мушоҳида мешавад. Дар мавриди А. ҳисси зоиқа низ коҳиш меёбад. Табобати А. бояд ба рафъи сабабҳои он равона карда шавад. Суст гаштани эҳсоси шоммаро гипосмия меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …