Главная / Теги: Тиб (страница 153)

Теги: Тиб

АГГЛЮТИНАТСИЯ

aggliutinatsiia

АГГЛЮТИНАТСИЯ (лот. agglutina- tio – часпидан) , зери таъсири агглютинин ном моддаи махсус ба ҳам часпида дурда ва таҳшон шудани бактерияҳо, унсурҳои ҳуҷайраи хун ва ғ. Агглютинин дар зардоби хун ҳангоми гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ё иммунизатсия ҷамъ мешавад. Реаксияи А. барои муайян кардани гурӯҳи хун, намуд ва навъи микробҳои …

Муфассал »

АГНОЗИЯ

agnoziia

АГНОЗИЯ (аз a – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. gnosis – дониш, маърифат), дуруст тасаввур ва дарк карда натавонистании ашё ва ҳодисаҳо, ки бинобар осеб ёфтани маркази олии асаб (ҳангоми хуншории майна, омос, садамаи мағзи сар ва ғ.) ба амал меояд. Вобаста ба осеби қисмҳои алоҳидаи қишри майна А. босиравӣ, сомеавӣ …

Муфассал »

АГРАНУЛОСИТОЗ

agranulositoz

АГРАНУЛОСИТОЗ (Agranulocytosis; аз a – ҳиссачаи инкорӣ, лот. granulum – дона ва юн. kytos – ҳуҷайра), дар хун нест ё ниҳоят кам шудани гранулоситҳо. А. Ҳангоми бемориҳои сироятӣ (домана, уфу- нат, сил, вараҷа, сурхакон), авитаминоз, касалиҳои хун, таъсири бевоситаи моддаҳои химиявӣ (мас., буғи бензол), нурҳои ионнок, ҳассосии организми баъзе одамон …

Муфассал »

АГРАНУЛОСИТҲО

agranulositho

АГРАНУЛОСИТҲО (аз a – ҳиссачаи инкорӣ, лот. granulum – дона ва юн. kytos – ҳуҷайра), ҳуҷайраҳои сафед (лейкоситҳо)-и хун, ки ситоплазмаашон дона (гранулаҳо) надорад. Дар таркиби хуни одам ду навъ А. (лимфоситҳо ва моноситҳо) мавҷуд аст. Ниг. низ Гранулоситҳо.

Муфассал »

АГРАФИЯ

agrafiya

АГРАФИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. grapho – менависам), яке аз тарзҳои ноҷӯрии нейропсихологӣ; ихтилоли нутқ, ки дар натиҷаи он бемор қобилияти навиштанро гум мекунад. А., одатан, дар мавриди суст инкишоф ёфтан ё осеб дидани қисмҳои пасисарӣ ва паси фарқисарии қишри нимкураи чапи майна (дар ростнависҳо) мушоҳида мешавад. …

Муфассал »

АҒРОЗ

agroz

«АҒРОЗ», «Ағрози тиббия», асари табиби машҳур Исмоили Ҷурҷонӣ. Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб мухтасари «Захираи хоразмшоҳӣ» буда, муаллиф онро бо хоҳиши Мачдуддин Абӯмуҳаммад Отсиз иншо кардааст.

Муфассал »

АДВИЁТИ ҶОЛИНУС

adviyot

АДВИЁТИ ҶОЛИНУС, доруҳое, ки аз наботот (реша, бехреша, барг, гул, пӯстлох) ва ҳайвонот ҳосил карда мешаванд. Аз номи Ҷолинус гирифта шудааст. Аксари А. Ҷ.-ро бо роҳи чаббидани ашё бо об, спирт, эфир ё омехтаи спирту об, эфиру спирт ба даст меоранд. Баъзе аз А. Ҷ. аслан маҳлули ин ё он …

Муфассал »

АДЕНОИД

adenoid

АДЕНОИД (Adenoides; аз юн. Aden – ғадуд ва eidos – шакл), аз ҳад зиёд калон шудани бодомакҳои гулӯ. Асосан дар ширхораҳо ва кӯдакони 3 – 10 сола(баъзан аз 10-сола калон) мушоҳида мешавад. Ба А. баъзе бемориҳои сироятӣ, ки ҳангоми онҳо пардаи луобии даруни бинӣ ва бодомакҳо газак мегиранд (мас., сурхча, …

Муфассал »

АДЕНОМА

adenoma

АДЕНОМА (аз юн. aden – ғадуд ва …ома), омоси ғайрисаратонӣ, ки дар ғадудҳои гуногун (ғадуди шир, ҷигар, меъда, гурда, ғадуди сипаршакл ва ғ.) ба вуҷуд омада, айни замон сохтори бофтаҳои онҳоро маҳфуз медорад. А. бо мурури вақт метавонад ба омоси саратонофар табдил ёбад. Бинобар ин онро саривақт бо роҳи ҷарроҳӣ …

Муфассал »

АДЕНОМАИ ҒАДУДИ ПРОСТАТА

adenoma

АДЕНОМАИ ҒАДУДИ ПРОСТАТА (Adenoma glandula prostatica), омоси ғайрисаратонии ғадуди простата (ғадуди зермасона). Ба А. фақат мардони аз 50- сола боло гирифтор мешаванд. А. суст инкишоф меёбад. Аввалин аломати калон шудани ғадуди простата шабона зуд-зуд пешоб кардан аст. Дар аснои А. пешоб базӯр ва бе ягон хел фишор мерезад (ҳангоми росто …

Муфассал »