АГРАФИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. grapho – менависам), яке аз тарзҳои ноҷӯрии нейропсихологӣ; ихтилоли нутқ, ки дар натиҷаи он бемор қобилияти навиштанро гум мекунад. А., одатан, дар мавриди суст инкишоф ёфтан ё осеб дидани қисмҳои пасисарӣ ва паси фарқисарии қишри нимкураи чапи майна (дар ростнависҳо) мушоҳида мешавад. Ҳангоми А. бемор ё аз ҳарфҳо калима сохта наметавонад ё дар вақти навиштан баъзе ҳиҷоҳоро мепартояд ё ҷойи онҳоро иваз карда менависад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …