Главная / Илм / АДВИЁТИ ҶОЛИНУС

АДВИЁТИ ҶОЛИНУС

adviyotАДВИЁТИ ҶОЛИНУС, доруҳое, ки аз наботот (реша, бехреша, барг, гул, пӯстлох) ва ҳайвонот ҳосил карда мешаванд. Аз номи Ҷолинус гирифта шудааст. Аксари А. Ҷ.-ро бо роҳи чаббидани ашё бо об, спирт, эфир ё омехтаи спирту об, эфиру спирт ба даст меоранд. Баъзе аз А. Ҷ. аслан маҳлули ин ё он моддаҳои доруӣ дар об, спирт ё равған мебошанд. Ба А. Ҷ. қиём, нақеъ, обҳои тиббӣ, спирт, шарбат, собун, марҳам, линиментҳо мансубанд. Консентратсияи моддаи давоии асосӣ дар А. Ҷ. гуногун буда, ба шароити сабзиши растаниҳо, чамъоварӣ ва чудо кардани ма- води доруӣ, тарзи ҳосил намудани моддаи асосӣ вобаста аст. А. Ҷ.-ро, одатан, дар корхонаҳои дорусозӣ истеҳсол мекунанд. Саноати дорусозӣ аз ашёи наботӣ давоҳои нав, аз чумла давоҳои обӣ, спиртӣ, хлоро- форму спиртӣ ва ғ. мебарорад. Таъсири фармокологии давоҳои мазкур ба таъсири давоҳои химиявӣ наздик аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …