Главная / Теги: Тиб (страница 146)

Теги: Тиб

БОФТА

bofta

БОФТА (Textus), маҷмуи ҳуҷайраҳое, ки пайдоиш ва сохтори ба якдигар монанд дошта, вазифаи якхеларо иҷро мекунанд. Сохт ва ҷойгирии Б.-ҳоро гистология меомӯзад. Б. эпителиявӣ, пайвандӣ, мушакӣ ва асабӣ мешавад. Вазифаи Б.-и эпителиявӣ муҳофизат, ихроҷ ва ҷаббиши моддаҳо аст. Ба Б.-ҳои пайвандӣ хун, лимфа, Б.-ҳои тӯрмонанд, ковок, зич, тағоякӣ ва устухонӣ …

Муфассал »

БРАГИНСКИЙ Борис Маркович

images

БРАГИНСКИЙ Борис Маркович (29. 08. 1926, ш. Киев, Украина), терапевт, доктори илми тиб (1965), профессор (1966). Донишкадаи тиббии ш. Киевро хатм кардааст (1947). С.-ҳои 1947 – 53 ходими илмии Пажӯҳишгоҳи ғизои Вазорати ҳифзи сиҳати Украина, 1953 – 58 ассистент ва дотсенти Донишкадаи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, …

Муфассал »

БРАДИКАРДИЯ

bradikardiya

БРАДИКАРДИЯ (Bradycardia; аз юн. bradus – кам ва kardia – дил), аз 60 зарба дар 1 дақ. кам шудани басомади кашиши дил. Б. метавонад дар одамони билкул солим, варзишгарон ва дар мавриди бисёр бемориҳо ба мушоҳида расад. Б. бештар дар натиҷаи ихтилоли узвии интиқоли пешдилию меъдачавӣ – инҳисори (блокадаи) дил, …

Муфассал »

БРАУН Александр Абрамович

images

БРАУН Александр Абрамович (1904, ш. Днепропетровск, – 1984, ш. Москва), гистолог, доктори илми биология (1940), проф. (1947). Факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Ленинградро с. 1928 ба итмом расонда, дар ҳамон ҷо ба сифати ассистенти кафедраи анатомия кор кардааст. С.-ҳои 1935 – 50 ходим ва мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи тибби таҷрибавии АИТ ИҶШС, …

Муфассал »

БРОМ

brom

БРОМ (Bromum; Br), элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 35; массаи ат. 79, 904; мансуби галогенҳост. С. 1826 химики франсавӣ А.Ж. Балар кашф кардааст. Номи Б. аз калимаи юн. bromos – бадбӯй гирифта шудааст. Б.-и озод моеи сурхи ҷигарӣ буда, бухор мешавад, бӯи тези нохуш дорад; t. гуд. …

Муфассал »

БРОМГЕКСИН

bromgeksin

БРОМГЕКСИН (Bromhexinum), навъе аз дору. Б. таъсири балғамронӣ ва рафъи сурфаро дорад. Онро ба сифати давои балғамрон ҳангоми бронхит, бронхоэктазҳо, зиқи нафас, сил, пневмония таъин мекунанд. Б.-ро барои пеш аз ҷарроҳӣ пок сохтани шаҷараи бронхҳо, инчунин баъди ҷарроҳӣ бо мақсади пешгирии пайдоиши балғами часпак дар бронх низ истифода бурдан мумкин …

Муфассал »

БРОМИДҲО

bromidho

БРОМИДҲО (Bromida), доруҳое, ки таркибашон аз бром ва пайвастҳои он иборат буда, таъсири оромбахш мерасонанд. Дар амалияи тиб бромиди натрий, бромиди калий ва бромкамфора истифода мешаванд. Б. раванди боздориро дар қишри мағзи сар тақвият медиҳанд. Б. асосан барои муолиҷаи бемориҳои асаб кор фармуда мешаванд. Онҳо дар сурати дуру дароз истеъмол …

Муфассал »

БРОМОДЕРМА

bromoderma

БРОМОДЕРМА (Bromoderma; аз лот. bromum – бром ва юн. derma – пӯст), бемории пӯст, ки бинобар муддати зиёд истифода бурдани доруҳои бром, хусусан бромиди калий, ба вуҷуд меояд. Ҳангоми Б. дар рӯй, соқ ва сурин бусуроти гуногун медамад. Б. се навъ мешавад: наракмонанд, густаришёфта ва гиреҳчашакл. Б.-и наракмонанд нисбатан бештар …

Муфассал »

БРОНХАДЕНИТ

bronhadenit

БРОНХАДЕНИТ (Bronchadenitis; аз бронхҳо ва юн. aden – ғадуд), илтиҳоби ғуддаҳои лимфавии назди бронхҳо ва трахея. Дар амалияи клиникӣ бештар Б.-и силӣ ё сили лимфағуддаҳои дохили сина (асосан дар кӯдакон ва наврасон) мушоҳида мешавад. Б. бисёр вақт чун лимфаденит ҳангоми пневмония, бронхит, бемориҳои илтиҳобии ҳанҷара хуруҷ меёбад. Аломати асосии Б. …

Муфассал »

БРОНХИОЛИТ

bronhiolit

БРОНХИОЛИТ (Bronchiolitis), илтиҳоби бронхиолаҳо (бронхҳои хурд). Ҳангоми Б. сӯрохи бронхиолаҳо қисман ё пурра баста мешавад. Диаметри бронхиолаҳо 2 мм (гоҳо аз он ҳам хурдтар) буда, девораашон аз лавҳачаҳои тағоякӣ иборат нест (онҳо бо ҳамин хусусият аз бронхҳо фарқ мекунанд). Б. навъҳои гуногун дорад, мас., баъдисироятӣ (асосан дар кӯдакон пайдо шуда, …

Муфассал »