Главная / Илм / БРОНХИОЛИТ

БРОНХИОЛИТ

bronhiolitБРОНХИОЛИТ (Bronchiolitis), илтиҳоби бронхиолаҳо (бронхҳои хурд). Ҳангоми Б. сӯрохи бронхиолаҳо қисман ё пурра баста мешавад. Диаметри бронхиолаҳо 2 мм (гоҳо аз он ҳам хурдтар) буда, девораашон аз лавҳачаҳои тағоякӣ иборат нест (онҳо бо ҳамин хусусият аз бронхҳо фарқ мекунанд). Б. навъҳои гуногун дорад, мас., баъдисироятӣ (асосан дар кӯдакон пайдо шуда, ангезандаашон вирусҳо мебошанд), ингалятсиявӣ (зери таъсири газҳо, буғи кислотаҳо, гарду чанги ғалла, дуди тамоку ва ғ. рух менамоянд), худзод (сабаби онҳо номаълум аст), бандовар (дар натиҷаи сирояти ВИЧ/СПИД, вируси табхол, ситомегаловирус, аспергиллҳо, пневмосист ва ғ. сар мезанад). Аломати асосии Б. дамкутоҳӣ буда, он аввал дар вақти кори ҷисмонӣ, вале минбаъд аз андаке ҳаракат ба вуҷуд меояд. Нишонаи дигари Б. сулфаи хушки босадо аст. Б.-ро духтури пулманолог табобат мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …