Главная / Теги: Тиб (страница 145)

Теги: Тиб

БОЗДОРӣ

vozderjaniye

БОЗДОРӣ (Inhibitio, suppressio), тасаккун, фаъолияти асаб, ки ҳаяҷонро суст ё пешгирӣ мекунад. Б.-ро с. 1862 физиологи рус И. М. Сеченов кашф намудааст. Вобаста ба ҷои пайдоиш Б. ду хел мешавад – канорӣ (дар мушакҳо ё унсурҳои ғадуддор) ва марказӣ (дар доираи системаи марказии асаб). Б. ба тавассути моддаҳои махсуси химиявӣ, …

Муфассал »

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович

images

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович (тав. 01. 04. 1954, ш. Деҳнави вил. Сурхандарёи Ҷумҳурии ӯзбекистон), ҷарроҳ-онколог, доктори илми тиб (1998), проф. (2001). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1977). Ҷарроҳ-онкологи Диспансери клиникии онкологии ҷумҳуриявӣ (1977 – 81), ординатори клиникии кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи марказии такмили ихтисоси духтурони ш. Москва (1981 – …

Муфассал »

БОҚИЛО

bokilo

БОҚИЛО (Vicia faba), зироатест яксола. Пояаш рост (то 2 м қад мекашад), баргаш паршакл, гулаш сафед, гулобӣ, заъфарон (баъзан сердоғ), мевааш ғилофак (2 – 6 тухм дорад). Б.-ро бештар барои тайёр кардани таом, хӯриш, консерв ва ғ. истифода мебаранд. Аз орди Б. дар омехтагӣ бо орди гандум нон мепазанд. Б. …

Муфассал »

БОЛИШТАКХОР

bolishtakhor

БОЛИШТАКХОР (Acanthopyllum glandulosum), нимбуттаест сершох (8 – 20 см қад мекашад). Ба болишти хордор мемонад. Баргаш дарафшмонанд (дарозиаш 1 – 4 см), гулаш майдаи сафед (рагҳои гулобӣ дорад), июл – авг. гул мешукуфад; тухмаш гирда, дорчинӣ (баъди расидан бӯри сиёҳтоб мешавад). Дар нишебиҳои серсанг ва регзамин месабзад (дар баландии 2500 …

Муфассал »

БОЛЮС

bolus

БОЛЮС (Bolus), ҳаҷми нисбатан зиёди моеъ ё вояи доруҳо, ки ба варид фиристода мешавад; луқмаи таом ё доруе, ки хоида шудааст ва айни фурӯ бурдан қарор дорад.

Муфассал »

БОРДОРШАВӣ

bordorshavi

БОРДОРШАВӣ, ҷараёни омехта шудани ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модина. Дар натиҷаи Б. ҳуҷайраи бордор – зигота ҳосил мешавад. Б. барои аз насл ба насл гузаштани аломатҳои ирсӣ мусоидат менамояд. Ибтидои Б. аз ворид гаштани сперматозоид (нутфа) ба ҳуҷайратухм оғоз меёбад. Баъд ҳастаи нарина ва ҳуҷайраи ҷинсии модина омехта мешаванд. Дар …

Муфассал »

БОРЗАД

potentilla

БОРЗАД (Potentilla), пойзоғ, панҷагул, гиёҳест бисёрсола. Пояаш хазанда (дарозиаш 8 – 50 см), бандҳояш решадор. Баргҳои бехаш панҷашакл, баргчаҳояш байзашакли дарозрӯя. Гулаш калони тиллоранг. Давраи гулшукуфташ май – авг.; тухмаш авг. мепазад. Дар бешазори гармсер ва паҳнбарг, дар қади ҷӯйҳо, соҳили дарё, марғзори мавзеъҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва …

Муфассал »

БОСИРА

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

БОСИРА (Visus, visio), биноӣ, биниш, яке аз узвҳои ҳисси панҷгона; қобилияти дарки андоза, шакл ва ранги ашё, ҷойгирӣ ва масофаи байни онҳо. Чашми инсон фақат мавҷҳои нури дарозиашон муайян – тахминан аз 390 то 760 нм-ро дарк мекунад. Нурҳои дарозиашон кам (ултрабунафш), ё зиёд (инфрасурх) дар инсон эҳсоси бинишро ба …

Муфассал »

БОТКИН Сергей Петрович

sergey_botkin

БОТКИН Сергей Петрович (17. 9. 1832, Москва – 24. 12. 1889, Ментонаи Франсия), духтур-терапевти рус, асосгузори ҷараёни физиологӣ дар тибби клиникӣ. С. 1855 фак-ти тиббии Донишгоҳи Москваро хатм намуд; аз 1861 проф. клиникаи муолиҷавии Академияи тиббии ҷарроҳии Петербург. Б. яке аз асосгузорони тибби илмии клиникӣ мебошад. Аввалин бор дар Россия …

Муфассал »

БОТУЛИЗМ

botulizm

БОТУЛИЗМ (Botulismus; аз botulus – ҳасиб, колбаса), заҳролудии шадиди сироятӣ аз хӯрок. Б.- ро аллантиазис ё ихтиизм низ меноманд. Б. бемории вазнин буда, бинобар аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз пайдо мешавад. Б. бештар бо бартарии синдроми фалаҷи чашм ва майнаи дарозрӯя ҷараён мегирад. Ангезаи Б. Clostridium …

Муфассал »