Главная / Илм / БРАДИКАРДИЯ

БРАДИКАРДИЯ

bradikardiyaБРАДИКАРДИЯ (Bradycardia; аз юн. bradus – кам ва kardia – дил), аз 60 зарба дар 1 дақ. кам шудани басомади кашиши дил. Б. метавонад дар одамони билкул солим, варзишгарон ва дар мавриди бисёр бемориҳо ба мушоҳида расад. Б. бештар дар натиҷаи ихтилоли узвии интиқоли пешдилию меъдачавӣ – инҳисори (блокадаи) дил, ҳангоми сактаи дил ва илтиҳоби (сироятӣ ва заҳрӣ) мушаки он рух менамояд. Инҳисори пурраи дил бо басомади 40 – 30 зарбаи набз дар 1 дақ. ва камтар аз он боиси осеби мағзи сар, яъне беҳушӣ, ихтилоҷ, аз фаъолият бозмондани дил мешавад.
Пешгирӣ ва табобати Б. бояд ба рафъ намудани сабабҳои ба вуҷуд орандаи он нигаронда шаванд. Ниг. низ Аритмияи дил.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …