Главная / Илм / БРОМГЕКСИН

БРОМГЕКСИН

bromgeksinБРОМГЕКСИН (Bromhexinum), навъе аз дору. Б. таъсири балғамронӣ ва рафъи сурфаро дорад. Онро ба сифати давои балғамрон ҳангоми бронхит, бронхоэктазҳо, зиқи нафас, сил, пневмония таъин мекунанд. Б.-ро барои пеш аз ҷарроҳӣ пок сохтани шаҷараи бронхҳо, инчунин баъди ҷарроҳӣ бо мақсади пешгирии пайдоиши балғами часпак дар бронх низ истифода бурдан мумкин аст. Б. ҳамчунин баъди бронхография барои аз организм зуд хориҷ кардани моддаи контрастӣ кор фармуда мешавад. Б.-ро ба кӯдакони то 3-сола таъин намекунанд.
Таъсири Б., одатан, баъди 24 – 48 соати оғози табобат ба назар мерасад. Натиҷаи муолиҷа пас аз 2 – 5 рӯз маълум мегардад. Даври муолиҷа аз 4 рӯз то 4 ҳафта аст. Дар мавриди зарурат Б.-ро якҷоя бо диг. доруҳо низ таъин менамоянд. Б. баҳри организм хушпазир аст, вале баъзан метавонад боиси сар задани аллергия шавад. Б.-ро дар шакли қурс, маҳлул, ҳаб ва чакра истеҳсол мекунанд.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …