Главная / Илм / БРАГИНСКИЙ Борис Маркович

БРАГИНСКИЙ Борис Маркович

imagesБРАГИНСКИЙ Борис Маркович (29. 08. 1926, ш. Киев, Украина), терапевт, доктори илми тиб (1965), профессор (1966). Донишкадаи тиббии ш. Киевро хатм кардааст (1947). С.-ҳои 1947 – 53 ходими илмии Пажӯҳишгоҳи ғизои Вазорати ҳифзи сиҳати Украина, 1953 – 58 ассистент ва дотсенти Донишкадаи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, 1958 – 65 сартерапевти Вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон буд. Фаъолияти минбаъдааш дар Донишкадаи тиббии ш. Минск гузаштааст. Бахши аслии тадқиқоташ ба масоили мубодала ва таъсири витаминҳои гуногун ба организми одам, хусусан ҷигар, инчунин амрози хун, физиотерапия марбут мебошад.
Ос.: Обмен рибофлавина при поражениях печени, Сталинабад, 1957; Обмен фолиевой кислоты при циррозах печени, Сталинабад, 1958; Роль витаминов в потогенезе и лечении атеросклероза и гипертонической болезни, Минск, 1973.
Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …