Главная / Илм / БРОМОДЕРМА

БРОМОДЕРМА

bromodermaБРОМОДЕРМА (Bromoderma; аз лот. bromum – бром ва юн. derma – пӯст), бемории пӯст, ки бинобар муддати зиёд истифода бурдани доруҳои бром, хусусан бромиди калий, ба вуҷуд меояд. Ҳангоми Б. дар рӯй, соқ ва сурин бусуроти гуногун медамад. Б. се навъ мешавад: наракмонанд, густаришёфта ва гиреҳчашакл. Б.-и наракмонанд нисбатан бештар ба назар мерасад. Он назар ба нараки муқаррарӣ калонтар буда, рангаш кабудча аст. Б.-и густаришёфта асосан дар кӯдакон дучор меояд; зоҳиран ба сурхакон, саглес ва гулгуна монанд аст. Ҳангоми Б.-и гиреҳчашакл дар пӯст гиреҳчаҳои омосшакли бунафштоб пайдо мешаванд. Қутри онҳо то чанд сантиметр буда, рӯяшон бо карахш пӯшида шудааст.
Бо мақсади табобати Б. истифодаи доруҳои бромиро қатъ кардан лозим аст. Бромро аз организм бо ёрии давоҳои пешоброн ва исҳоловар хориҷ мекунанд. Истифодаи обзани гарм бо маҳлули перманганати калий низ манфиат дорад. Ниг. низ Бромидҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …