БРОМИДҲО (Bromida), доруҳое, ки таркибашон аз бром ва пайвастҳои он иборат буда, таъсири оромбахш мерасонанд. Дар амалияи тиб бромиди натрий, бромиди калий ва бромкамфора истифода мешаванд. Б. раванди боздориро дар қишри мағзи сар тақвият медиҳанд. Б. асосан барои муолиҷаи бемориҳои асаб кор фармуда мешаванд. Онҳо дар сурати дуру дароз истеъмол кардан, дар организм ҷамъ шуда, боиси заҳролудии музмин – бромизм мегарданд (карахтии умумӣ, рӯҳафтодагӣ, ихтилоли хотира, осеби пӯст ва ғ.). Б. аз организм ба тавассути луобпардаҳо хориҷ мешаванд. Бинобар ангезиши луобпардаҳо бемор бисёр месулфад, дарунрав мешавад; нишонаҳои зуком ва конъюнктивит рух менамоянд. Дар ин гуна ҳолатҳо истифодаи Б.-ро қатъ кардан лозим аст. Бо мақсади аз организм зуд хориҷ кардани бром ба миқдори зиёд хлориди натрий (10 – 20 г дар як рӯз), нӯшокиҳо ва доруҳои пешоброн таъин мекунанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …