Главная / Илм / БРОМ

БРОМ

bromБРОМ (Bromum; Br), элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 35; массаи ат. 79, 904; мансуби галогенҳост. С. 1826 химики франсавӣ А.Ж. Балар кашф кардааст. Номи Б. аз калимаи юн. bromos – бадбӯй гирифта шудааст. Б.-и озод моеи сурхи ҷигарӣ буда, бухор мешавад, бӯи тези нохуш дорад; t. гуд. – 7,2°С, t. ҷӯш. – 58,78°С, зичиаш 3100 кг/м3. Б. дар об бад ва дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Бо металҳо пайваст шуда, бромидҳо ва ҳангоми гарм кардан бо гидроген пайваст шуда, бромиди гидроген HBr ҳосил мекунад.
Б. пӯст ва луобпардаҳоро ҷароҳатнок месозад, буғи он чашмро месӯзонад, боиси блефароспазм ва ашкрезӣ мешавад. Дар натиҷаи истеъмоли миқдори зиёди бромидҳо (зиёда аз 20 г) ақл тира гашта, сар чарх мезанад, фалаҷ ва коллапс рух менамояд.
Ҳангоми заҳролудӣ аз Б. ё бромидҳо ба ҷабрдида шири омехта бо тухми хом медиҳанд ва қай ба вуҷуд меоранд; эҳтиёт бояд шуд, ки маводи қай ба роҳи нафас наафтад. Бо мақсади аз организм дур сохтани заҳр ангишти фаъол низ додан мумкин аст; ӯ бояд дар давоми рӯз 10 – 30 г намаки ошро дар 3 – 5 л об ҳал карда биошомад (Б.-ро аз организм хориҷ менамояд).
Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ аз Б. бояд дар истеҳсолот ба қоидаҳои бехатарии меҳнат қатъӣ риоя карда шавад, ҳавои ҷои кор тоза ва даҳони зарфҳое, ки Б. ва диг. моддаҳои химиявии заҳрнок доранд, баста бошад; коргарон бо противогаз, мӯза, дастпӯшаки резинӣ, пешдоман кор кунанд. Ашхосе, ки бо Б. сарукор доранд, мунтазам аз назорати тиббӣ гузаронда мешаванд. Сарукор бо Б. ва пайвастҳои он барои одамони ҳассосияташон баланд зиён дорад.

М. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …