Главная / Илм / БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович

БОЗОРОВ Неъмат Исмоилович

imagesБОЗОРОВ Неъмат Исмоилович (тав. 01. 04. 1954, ш. Деҳнави вил. Сурхандарёи Ҷумҳурии ӯзбекистон), ҷарроҳ-онколог, доктори илми тиб (1998), проф. (2001). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1977). Ҷарроҳ-онкологи Диспансери клиникии онкологии ҷумҳуриявӣ (1977 – 81), ординатори клиникии кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Донишкадаи марказии такмили ихтисоси духтурони ш. Москва (1981 – 83), ассистенти кафедраи ҷарроҳии стоматологии ДДТТ (1983 – 87), аспиранти кафедраи ҷарроҳии стоматологии Донишкадаи тиббии Киев (1987 – 90), ассистенти кафедраи ҷарроҳии стоматологӣ (1990 – 93), дотсент (1994 – 98) ва проф. кафедраи онкологияи ДДТТ (1999 – 2008). Аз 25 сент. с. 2008 мудири кафедраи онкология. Муаллифи зиёда аз 259 асарҳои илмию методӣ, аз ҷумла 117 мақола, 62 тезис, 66 навоварӣ ва 1 кашфиёт.
Ос.: Современные взгляды на хирургическое лечение солитарных и первично-множественных злокачественных опухолей кожи в области головы и шеи. «Известия АН РТ», Д., 2002, №1 – 2; Руководство к практическим занятиям по опухолям головы и шеи, Д., 2005; Современные тенденции развития полинеоплазии репродуктивной системы у женщин. Дар маҷ.: «Вестник Авиценны», Д., 2008, №4; Ранняя диагностика рака шейки матки, Д., 2008; Современные подходы к лечению рака пищевода, Д., 2008.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …