Главная / Илм / БОТКИН Сергей Петрович

БОТКИН Сергей Петрович

sergey_botkinБОТКИН Сергей Петрович (17. 9. 1832, Москва – 24. 12. 1889, Ментонаи Франсия), духтур-терапевти рус, асосгузори ҷараёни физиологӣ дар тибби клиникӣ. С. 1855 фак-ти тиббии Донишгоҳи Москваро хатм намуд; аз 1861 проф. клиникаи муолиҷавии Академияи тиббии ҷарроҳии Петербург. Б. яке аз асосгузорони тибби илмии клиникӣ мебошад. Аввалин бор дар Россия лабораторияи таҷрибавиро, ки дар он ҷо таъсири физиологию фармакологии моддаҳои доруӣ тадқиқ шуданд, ташкил кард. Инкишофи раванди маризиро дар организм омӯхта, онро дар ҳайвонот тадқиқ намуд. Б. дар тиб ба ҷараёни нав асос гузошт, ки онро И. П. Павлов нервизм номид. Аввалин шуда ақидаи хос будани сохти сафедаи ҳар як аъзоро баён кард, сироятнокии гепатити вирусиро муқаррар намуд (онро бемории Боткин низ меноманд). С-ҳои 1878 – 89 раиси Ҷамъияти ба шарафи Н. И. Пирогов ташкилшудаи духтурони рус буд. Касби духтурони санитариро ҷорӣ карда, оид ба беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва кам кардани адади фавт дар Россия (1886) чораҳо андешидааст. Дар Петербург дафн шудааст.
Ос.: Курс клиники внутренних болезней и клинические лекции, т. 1 – 2, М., 1950.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …