Главная / Илм / БОҚИЛО

БОҚИЛО

bokiloБОҚИЛО (Vicia faba), зироатест яксола. Пояаш рост (то 2 м қад мекашад), баргаш паршакл, гулаш сафед, гулобӣ, заъфарон (баъзан сердоғ), мевааш ғилофак (2 – 6 тухм дорад).
Б.-ро бештар барои тайёр кардани таом, хӯриш, консерв ва ғ. истифода мебаранд. Аз орди Б. дар омехтагӣ бо орди гандум нон мепазанд. Б. дар қаннодӣ низ истифода мешавад (шоколад ва пичинӣ тайёр мекунанд). Равғани Б.-ро дар истеҳсоли маргарин ва ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ кор мефармоянд. Дар таркиби дони Б. сафеда, равған, клечатка, оҳар, аминокислотаҳо, каротин (провитамини А), витаминҳои В1, В2, В6, Е, микроэлементҳо мавҷуданд.
Абӯалии Сино Б.-ро чун омили бодрон тавсия медод. Табибони қадим Б.-ро ба сифати ғизои парҳезӣ ва воситаи давоӣ ҳангоми бемориҳои узвҳои ҳозима, илтиҳоби роҳҳои болоии нафас кор мефармуданд, бо он хунпартоӣ ва сулфаро табобат менамуданд.
Б. дар тибби халқӣ ба сифати давои исҳоловар ва бодрон истифода мешавад. Ҳангоми қабзият ордои Б. ё мураббои ғилофаки онро тавсия медиҳанд. Марҳами аз орди Б. таҳиякардаро ба ҷароҳат, доғи кунҷидак ва хуномос мебанданд, бо бандинаи ғилофаки он омосҳои сина (мастит) ва буғумҳои дардмандро табобат менамоянд.
Дар тибби муосир бо мақсади табобат гул, тухм ва ғилофаки Б. истифода мешавад. Гули Б.-ро май – июн, дон ва ғилофакашро авг. – сент. меғундоранд. Дони Б. пешобро меронад, таъсири афисӣ ва зидди илтиҳоб дорад. Нақеъ ва ҷӯшоби ғилофаки он барои илоҷи диабети қанд муфид аст. Бо дони пухтаи Б. сурфа, бемориҳои ҷигар, гурда ва роҳи меъдаю рӯдаҳо табобат карда мешаванд. Дони дар шир пухта ва сипас соида майда кардаи онро ба захми пӯст ва пучак гузошта мебанданд.
Истеъмоли Б. дар мавриди бемориҳои меъдаю рӯдаҳо зиён дошта, боиси сар задани қабзият ва боди шикам мешавад. Ашхоси гирифтори ниқрис ва гепатитҳо низ бояд аз истеъмоли он худдорӣ намоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …