Главная / Илм / БОРДОРШАВӣ

БОРДОРШАВӣ

bordorshaviБОРДОРШАВӣ, ҷараёни омехта шудани ҳуҷайраҳои ҷинсии нарина ва модина. Дар натиҷаи Б. ҳуҷайраи бордор – зигота ҳосил мешавад. Б. барои аз насл ба насл гузаштани аломатҳои ирсӣ мусоидат менамояд. Ибтидои Б. аз ворид гаштани сперматозоид (нутфа) ба ҳуҷайратухм оғоз меёбад. Баъд ҳастаи нарина ва ҳуҷайраи ҷинсии модина омехта мешаванд. Дар натиҷаи табаддулоти физикию химиявӣ ҳуҷайратухм бо парда фаро гирифта шуда, он садди роҳи дохил шудани сперматозоидҳои дигар мегардад. Баъзан ба ҳуҷайратухм чанд сперматозоид роҳ меёбад, вале аз рӯи қоида ҳастаи яке аз онҳо ба ҳастаи ҳуҷайратухм омехта мешавад (ҳастаи сперматозоидҳои дигар маҳв мегарданд). Дар натиҷаи Б. хосиятҳои физикию химиявии ҳуҷайратухм тағйир меёбанд. Ҳуҷайраи бордор (зигота) маҷмӯи диплоидии хромасома дорад, ки онҳо минбаъд ҷуфт-ҷуфт мешаванд. Дар ҳар ҷуфти он як хромосомаи падарӣ ва як хромосомаи модарӣ мавҷуд аст.
Ниг. низ Ҳомилагӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …