Главная / Илм / БОСИРА

БОСИРА

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

БОСИРА (Visus, visio), биноӣ, биниш, яке аз узвҳои ҳисси панҷгона; қобилияти дарки андоза, шакл ва ранги ашё, ҷойгирӣ ва масофаи байни онҳо. Чашми инсон фақат мавҷҳои нури дарозиашон муайян – тахминан аз 390 то 760 нм-ро дарк мекунад. Нурҳои дарозиашон кам (ултрабунафш), ё зиёд (инфрасурх) дар инсон эҳсоси бинишро ба вуҷуд намеоранд.
Нурҳои рӯшноии чизҳои дидашаванда ба воситаи гавҳарак ба чашм гузашта, ба тӯрпардаи ҳисси рӯшноӣ (шабакия), аз ҷумла ба ҳуҷайраҳои он – ҳуҷайраҳои махрутшакл ва қаламчашакл таъсир мерасонанд ва дар онҳо ангезиши асабро ба вуҷуд меоранд. Ин ангезиш ба воситаи асаби биноӣ ба маркази қишри Б., ки дар мағзи пушти сар (ниг. Системаи асаби марказӣ) воқеъ аст, интиқол меёбад. Дар ин ҷо ангезиши нурӣ дар шакли образҳои муайян ва таассурот дарк карда мешавад.
Дар шабакия тақрибан 7 млн. ҳуҷайраи махрутшакл ва 12 млн. ҳуҷайраи қаламчашакл мавҷуд аст. Миқдори асосии ҳуҷайраҳои махрутшакл дар маркази шабакия, ки доғи зард ном дорад, ҷойгир шудаанд. Баробари аз марказ дур шудан, миқдори ҳуҷайраҳои махрутшакл кам мешавад, вале шумораи ҳуҷайраҳои қаламчашакл меафзояд. Дар канори шабакия фақат ҳуҷайраҳои қаламчашакл ҳастанд. Онҳо қобилияти хеле баланди ҳисси нурро дошта, барои дар шомгоҳон ё шаб дидан мусоидат мекунанд.
Қобилияти чашм дар бобати фарқ кардани тобишҳои хеле зиёди рангҳои гуногун бағоят муҳим аст. Ҳамаи тобишҳои рангӣ ҳангоми омезиш ёфтани чанд ранге аз ҳафт ранги асосии спектр – сурх, норанҷӣ, зард, сабз, кабуд, нилобӣ ва бунафш ба вуҷуд меояд. Олими рус М.В Ломоносов исбот намуд, ки асоси спектро се ранг – сабз, сурх ва бунафш (ё нилобӣ) ташкил медиҳад; рангҳои дигарро бошад, дар натиҷаи омезиш додани се ранг ҳосил кардан мумкин аст. Дар ҳамин асос Т. Юнг ва Г. Гелмголтс тахмин намуданд, ки дар шабакия се унсур (ё таркиб) вуҷуд дорад ва ҳар яке аз он барои бештар дарк намудани фақат яке аз ин рангҳо таъин гардидааст. Дар аснои ба чашм таъсир расонидани нурҳои рангин мувофиқан ин ё он унсур ангезиш меёбад, ки барои дарки гуногунии тобишҳои рангҳо имконият медиҳад. Назарияи сертаркибаи биниши рангҳо назарияи маъмул бошад ҳам, ақидаи ягона нест (ниг. Рангбинӣ). Б.-и шабона аксар вақт ҳангоми дар хӯрок кам будани витамини А (ниг. Витаминҳо, Витаминкоҳиш) халал меёбад. Ҳуҷайраҳои махрутшакл, ки ба торикӣ ҳассосияти кам доранд, асосан Б.-и рӯзонаро таъмин намуда, шакл, ранг ва ҷузъиёти предметро нағз фарқ мекунанд.
Доғи зард, хусусан чуқурчаи маркази он, ки фақат аз ҳуҷайраҳои махрутшакл иборат аст, ҷои Б.-и равшан, яъне Б.-и марказӣ мебошад. Қисмҳои дигари шабакия ба Б. и. паҳлӯӣ ё канорӣ мусоидат менамоянд (бо он шакли предмет норавшан дарк карда мешавад). Б.-и марказӣ дидани ҷузъиёти хурди предметҳо, Б.-и канорӣ бошад, имконияти дар фазо муайян намудани мавқеъро таъмин месозад.
Эҳсоси шабакияи чашм ба рӯшноӣ хеле баланд аст. Рӯшноии шамъ дар шаби торик дар масофаи чанд километр дарк карда мешавад. Қобилияти баланди тағийрпазирии ин гуна ҳассосӣ ба узви биноӣ имкон медиҳад, ки ҳам дар равшанӣ ва ҳам дар торикӣ дида тавонад.
Қобилияти мувофиқ гаштани чашм ба идроки нурҳои рӯшноиашон гуногун мутобиқат ном дорад. Барои фаро расидани мутобиқати комил, одатан, чанд муддат лозим аст.
Қобилияти чашм дар бобати алоҳида фарқ кардани ду нуқтаи масофаашон ниҳоят кам (минималӣ) тезии Б. ном дорад. Меъёри тезии Б. кунҷе мебошад, ки нурҳои аз ин нуқтаҳо раванда ташкил кардаанд. Ин кунҷ ҳар қадар хурд бошад, чашм ҳамон қадар хуб мебинад. Бузургии минималии кунҷи Б.-и аксар одамон ба 1 дақ. баробар аст. Тезии биниши чашм, ки кунҷи камтарини босирааш 1 дақ. мебошад, ҳамчун воҳиди тезии Б. қабул шудааст, вале ин бузургии миёнаи норма мебошад. Тезии чашми баъзе одамон аз воҳид камтар ва одамони дигар аз воҳид зиёдтар аст. Барои муайян кардани тезии Б. ҷадвалҳои махсусро истифода мебаранд, ки дар онҳо аломатҳои озмоиши андозаашон гуногун – ҳарфҳо, ҳалқаҳо, суратҳо сабт ёфтаанд. Барои баҳо додан ба Б.-и канорӣ бо асбобҳои махсус ҳудуди майдони Б., яъне қисми фазоеро, ки бо чашми беҳаракат дида мешавад, муайян мекунанд.
Ҳангоми бо ҳарду чашм дидани предмет тасвири он ба нуқтаҳои якхелаи шабакияи ҳар ду чашм меафтад ва одам предметро на ҷуфт, балки яклухт мебинад. Агар тасвири предмет ба қитъаҳои якхелаи шабакияи ҳар ду чашм наафтад, ҳар чиз дуто менамояд, яъне ҳолати аҳвалӣ ба вуҷуд меояд. Б.-и мӯътадили якҷоя бо ҳарду чашм Б.-и бинокулярӣ ё стереоскопӣ номида мешавад; он барои идроки аниқу комили предмети дидашаванда ва дуруст муаян намудани ҷой дар фазо мусоидат мекунад.
Барои нигоҳ доштани Б.-и мӯътадил фароҳам овардани шароити мусоиди беҳдошт аҳамияти калон дорад. Аз ин ҷиҳат равшании дурусту кофӣ басо муҳим аст. Барои бемонеа ба хона афтидани равшании рӯз шишаҳои тирезаро тоза нигоҳ доштан лозим аст; дар зертахтаи тиреза гулҳои баланд гузоштан лозим нест. Ба тирезаҳо барои бартараф намудани таъсири нурҳои рости офтоб бояд пардаҳои сафед овехт. Равшании табиӣ дар хона аз дараҷаи инъикоси рӯшноии рӯз дар сақф, деворҳо, мебел ва диг. ашё вобаста аст. Бинобар ин ашёи инъикоси рӯшноӣ бояд бо тобишҳои сафед ва бештар зарди сабзтоб ранг карда шаванд.
Барои рӯшноии сунъӣ аз лампаҳои люминестсентӣ истифода бурда мешавад. Рӯшноии онҳо ба рӯшноии рӯз наздик ва барои чашм гуворо мебошад. Дар хона барои кор бояд дар назди тиреза ҷои равшан ҷудо карда шавад. Шомгоҳ аз лампаи 40 – 60 ваттаи сарпӯшаш ношаффоф истифода бурдан беҳтар аст. Онро дар болои миз тавре гузоштан лозим, ки рӯшноӣ аз тарафи чап фақат ба ҷои корӣ афтад, чашм бошад, дар ҷои соя монад. Масофаи байни чашм ва китоб (ё дафтар) бояд ба ҳисоби миёна 30 – 35 см бошад. Он тақрибан ба дарозии даст аз оринҷ то нӯги ангуштон баробар аст. Чунин масофа чашмро хаста намесозад ва барои хам нашуда нишастан имкон медиҳад. Дар равшании хира, ҳангоми роҳгардӣ ва дар нақлиёт хондани китоб мумкин нест. Ҳолати ноустувори китоб ё газета дар вақти ҳаракати нақлиёт хонданро душвор мегардонад, барои ба чашм хеле наздик овардани матн маҷбур мекунад ва боиси хастагии чашм мегардад.
Кори Б.-ро бо истироҳати чашм андарҳам кардан муҳим аст. Баъди ҳар 30 – 40 дақ. кор 10 дақ. истироҳат бояд кард. Ҳангоми тамошои барномаҳои телевизион аз экран дар масофаи камаш 2,5 метр дур истед. Дар айни вақт хона бояд ба таври мӯътадил равшан бошад.
Ба гигиенаи Б.-и кӯдакон диққати махсус бояд дод. Бо ин мақсад барои кӯдакон меъёрҳои кори босиравӣ тартиб дода шудаанд. Ба нишасти дурусти онҳо дар вақти машғулият, ба равшании бояду шояди ҷойи кор ва риояи қатъии тартиби рӯз эътибор додан зарур аст. Баъди андаке шикояти кӯдак аз хастагии чашм ӯро фавран ба духтури офталмолог нишон диҳед. Ниг. низ Чашм.
КЛ
Сохтори ғӯзаи чашм; бурриши дар сатҳи амудӣ.
Каҷии гуногуни гавҳарак: аз чап – ҳангоми суст будани мушаки мижгонӣ; аз рост – ҳангоми кашиш ёфтани мушаки мижгонӣ. 1 – қарния (шохпарда); 2 – даҳлези пеши чашм; 3 – гавҳарак (булӯрак); 4 – инабия; 5 – даҳлези қафои чашм; 6 – конъюнктива (мултаҳима); 7 – мушаки рости латералӣ; 8 – сафедпарда; 9 – рагпарда (хориоидеа); 10 – шабакия; 11 – чуқурчаи марказӣ; 12 – асаби босира; 13 – чуқурии қурс (диск); 14 – меҳвари беруни чашм; 15 – мушаки медиалии рост; 15 – меҳвари кӯндаланги ғӯзаи чашм; 16 – меҳвари кӯндаланги ғӯзаи чашм; 17 – ҷисми мижгонӣ; 18 – тасмачаи мижгонӣ; 19 – меҳвари босира.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …