Главная / Теги: Ҳикоя (страница 23)

Теги: Ҳикоя

ПАС АЗ МУРОФИА

mangiti

Дар қаҳвахонаи канори роҳ, ки мизу курсиҳояш ҷо-ҷо дар сояи дарахтони маҷнунбед гузошта шудаанд, одам зиёд буд. Дар саҳни қаҳвахона як фаввораи наонқадар баланд ва ҳавзаш кошинкоришуда сохта буданд, ки дар ин гармои тобистон андаке ҳаворо салқин нигоҳ медошт. Марди қоматбалади хушлибос аз дарвозаи қаҳвахона (атрофи онро бо панҷара дарубанд …

Муфассал »

Антагонизм

safar-kardan

Онҳо,  яке марди газгўшти сиёҳҷурда ва дигаре қадпасти кулўла , ки риши кўтоҳ қайчизадааш мисли ангишт сиёҳ буд, дар чойхонаи лаби рўд нишаста, чой менўшиданд. Марди газгўшт, ки Ёқуб Раҳмон ном дошт, чандин сол дар мактаби деҳа муаллиӣ карда, ҳамин қарибиҳо ба нафақа баромада буд. Ҳамнишасти ў – Ҳоҷӣ Халил …

Муфассал »

ТУТИ БОБОӢ дар ҳавлии деҳа (қишлоқ)

shelkovica-belaya-polza-i-vred_6

Пиразан овози набераашро шунидану худашро дидан замон гўё бол бароварда назди остонаи хонааш берун омад. Аз чеҳрааш, ки гўё рўи он умри наваду ду солааш ожангҳои худро кашидааст, нур меборид. Вай аз шодӣ ашк мерехт, шукр мегуфт, ки сиҳату саломат боз ба дидори набераи нахустинаш расид. Сонӣ, болои кат кўрпача …

Муфассал »

Ҳикояи Саг (Афсона)

kalabok

Саге аз ҳар тўъма бебаҳра бар дари дарвозаи шаҳр истода буд. Дид, ки қурси ноне гардон-гардон аз шаҳр берун омад ва рўй ба саҳро ниҳод. Саг дар дунболи вай давон шуд ва овоз дод, ки: — Ай қуввати тан ва Ай қути равон 22 ва орзуи дилу ороми ҷон, азимати …

Муфассал »

Дуо Кардан

Ардамеҳр, ки ба хотири сайру саёҳат ва тиҷорат ба кишвари афсонавии Чин нияти мусофират дошт, назди падараш омад. Баъди пурсупос арзи ҳол кард, ки субҳ рахти сафар мебандаду дуо металабад. – Не, – гуфт қиблагоҳаш, – гап ҳамин, то даме, ки одати арақ нўшида сари мошин нишастанро напартоӣ, аз ман …

Муфассал »

Умед кардан – Хонадории фарзанд

tuy-domod-arus

Мўйсафед бо лабҳои парсинбастаи писараш оби сарду зулоли чашмаро мечаконду дам намезад. Вай дигар маҷоли ашк резонидан надошт. Аммо ҳар лаҳзаву соат хун мегиряд, ҷигараш рўз то рўз садпора мешуд. Оҳ дунёву зиндагии ҷафопеша, оҳ мардум, писарам ме-ми-рад!.. Аҳли деҳа медонистанд, ки ҷавон гирифтори саратон асту аз умри ў рўзҳои …

Муфассал »

Ҳикояи Шаколе ва хурўс

gurg

Шаколе56    хурўсеро  дар  хоби  саҳар  бигирифт.  Хурўс фарёд бардошт, ки: — Ман мўниси бедоронам ва муаззини шабзиндадорон, аз куштани ман бипарҳез ва хуни маро ба теғи тааддӣ марез! Б а й т Чаро бе мўҷибе бо ман ситезӣ, Ки хоҳӣ бе гунаҳ хунам бирезӣ? Шакол гуфт: — Ман ба куштани …

Муфассал »

ШИКАСТАБАНД

gps

– Биё, писарам, ҳамроҳ ба фотеҳахонӣ равем. Ҳар гаҳ, ки писари калонӣ ба зодгоҳаш меомад, ин анъана ҷорӣ буд. Пиёда раҳ мерафтанд. Падар гуфт: – Адҳам, дар хотират ҳаст, вақти бачагиат дастат аз оринҷ баромада буд? – Ҳа, аз велосипед афтода ва се-чор рўз воқеаро аз шумо пинҳон дошта будам. …

Муфассал »

Ришва

vzyatka_2

Агрономи ҷавон Толеъ Мадад барои овардани азот  ба маркази вилоят рафт. Вай дар даст коғаз дошт ва мебоист бар тибқи он барои заминҳои хоҷагиашон ду тонна азот меовард. Дилпур буд, ки то нисфирўзӣ кораш барор мегирад ва бегоҳ бояд ба деҳа баргардад. Аммо дар анбор ба вай фаҳмонданд, ки бе …

Муфассал »

Ҳикояи Гунҷишк (Афсона)

vstrecha_u_kormushki

Гунҷишке хонаи маврусии25 худро бозпардохту дар фурҷаи26 ошёнаи лаклаке хона сохт. Бо вай гуфтанд: — Туро чӣ муносабат, ки бо ҷуссае бад-ин ҳақирӣ бо ҷонваре бад-он бузургӣ ҳамсоя бошӣ ва худро бо вай дар маҳалли иқомат ва манзили истиқомату манзили истиқомат ҳампоя дорӣ? Гуфт: — Ман низ ин қадар донам, …

Муфассал »