Главная / Гуногун / Ҳикояи Гунҷишк (Афсона)

Ҳикояи Гунҷишк (Афсона)

Гунҷишке хонаи маврусии25 худро бозпардохту дар фурҷаи26 ошёнаи лаклаке хона сохт.

Бо вай гуфтанд:

— Туро чӣ муносабат, ки бо ҷуссае бад-ин ҳақирӣ бо ҷонваре бад-он бузургӣ ҳамсоя бошӣ ва худро бо вай дар маҳалли иқомат ва манзили истиқомату манзили истиқомат ҳампоя дорӣ?

vstrecha_u_kormushki

Гуфт:

— Ман низ ин қадар донам, аммо ба донистаи худ амал натавонам. Дар ҳамсоягии ман морест, ки чун ҳар сол бачагон бароварам ва ба хуни ҷигар бипарварам, ногоҳ бар хонаи ман тозад ва бачагони маро қут созад. Имсол аз вай гурехтаам ва дар домани давлати ин бузург овехтаам. Умед медорам, ки доди маро аз ў биситонад, чунонки ҳар сол бачагони маро ў қути худ гардонидааст, имсол вайро қути бачагони худ гардонад.

Қ и т ъ а

Чу рўбоҳ дар бешаи шер бошад,

Зияд эмин аз захми чанголи гургон.

Зи бедоди хурдон амон ёбад он кас,

Ки гирад ватан дар ҷавори бузургон.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …