Главная / Гуногун / Умед кардан – Хонадории фарзанд

Умед кардан – Хонадории фарзанд

Мўйсафед бо лабҳои парсинбастаи писараш оби сарду зулоли чашмаро мечаконду дам намезад. Вай дигар маҷоли ашк резонидан надошт. Аммо ҳар лаҳзаву соат хун мегиряд, ҷигараш рўз то рўз садпора мешуд. Оҳ дунёву зиндагии ҷафопеша, оҳ мардум, писарам ме-ми-рад!.. Аҳли деҳа медонистанд, ки ҷавон гирифтори саратон асту аз умри ў рўзҳои башумор мондаанд. Дидорбинӣ меомаданд, тасаллӣ медоданду таассуф хўрда мерафтанд. Мўйсафеду келинаш боз ҳамроҳи бемор танҳо мемонданд. Падар об мечаконду келинаш соат ба соат сўзандору мегузаронд. Қариб як моҳ инҷониб вай бемордор аст. Гарчанде аз он рўзе, ки бо ҳазор ҳавас ба ин даргоҳ арўс шуда омад, ҳанўз чиллаш нагузаштааст…

tuy-domod-arusОнҳо ҳамдигарро хуб намедонистанд. Дили духтар кашон буду ҷавон ғами дунёи дигареро мехўрд. Вале соли модарашро гузаронданду ба нею нестони ў нигоҳ накарда падару хоҳараш тараддуди тўйро диданд. Чӣ илоҷ, ки тақдираш ҳамин будааст…

Падари занаш ҳаррўз ба аёдат меомад. Домодашро мисли писараш мешуморид.

– Ин чӣ рўзи диданӣ буд-а қудо! – ба падарарўс ҳасрати дил мекард мўйсафед. – Ин дарди бедаво ба сари ман ояд намешавад магар…

Ҷавон чашм кушод. Ба оби чашма нигарист. Қатра-қатра об доданд. Сипас, бо ангуштонаш ишора кард, ки падарарўс наздиктар ояд.

– Амак, духтаратон инсони асил, бебаҳо. Афсўс, ки насиб набудааст, хизмати шуморо қадре ҳам баҷо наоварда меравам… Ҳама дардҳоятонро ба ман диҳетон. Ҳамроҳ мебарам…

Ҷавон иродаи оҳанин дошт, вай ботинан мардона марги худро интизорӣ мекашид. Ба бозии қисмат тан дода буд…

Занаш чолокона, лекин боэҳтиёт бо сўзан дору гузаронд. Дору маст мекард. Имкон намедод, ки дарди ҷонкоҳ эҳсос бишавад. Ў дасти занашро рўи кафаш гирифт.

– Насиҳату хоҳишамро дар шоҳидии падару амакам мегўям. Ту сазовори бахту иқболи баландӣ. Ҳатман, баъд аз сари ман ба шавҳар баро… Одами бамаънӣ ёфт мешавад…

Вай дар сини бисту чорсолагӣ нисфишабӣ аз олам чашм пўшид, аз азоби тоқатфарсои дард раҳоӣ фт.

Пиру барнои қишлоқ ҳар касе, ки худрову оламро мешинохт, бо дили реш-реш ўро ба оғўши хок супурданд.

Миёни падар шикаставу келин танҳо монд. Шаби ҳафташро гузарониданд, бисту чилро доданд.

Рўзҳо, ҳафтаҳову моҳҳо, солаш ҳам паси сар гашту келин сафед пўшид. Бевазани ҷавон ҳамоно хизмати падари шавҳари марҳумашро адо менамуд.

Боре хонаашон рафту таҳаммулро аз даст дода фиғонаш баромад. Талх гирист. Модараш сарашро сила кард. Аммо ваҷоҳати падараш дигаргун намешуд. Гўё дар қафаси сина дил неву як пора сангро бардошта мегашт.

– Духтарам, вазъияти туро ман хуб мефаҳмам. Кӣ пешгўиву гумон мекард, ки зиндагиат ин тавр ранг мегирад? Вале сабр кун…

– Гапи шумо рост, ман ҳам тарафдор, лекин духтарам нав бисту дуро пур кард… Ғами ояндаашро бояд хўрем. Мабодо одамон духтари беваашонро дар кўча партофта мондаанд гуфта гапу калоча накунанд, – маслиҳатомез гуфт модар.

– Таги дили туро ҳам медонам. Вале агар ҳамон мўйсафеди бахтбаргаштаро танҳо гузошта ояд, ман заррае андеша накарда духтаратро оқ мекунам. Гап тамом, вассалом…

Баъдтар падари духтар ҳатто сухани падари домоди раҳматиашро ба инобат нагирифт.

– Вақте мову шумо қудо гаштем, гул барин домодамро бо умед писар хонда будам. Шумо арўси писаратонро бо даҳони пур духтарам гўён ҷеғ мезадед. Агар рафту касе хостгор барояд, ман талаб мекунам, ки пеш аз ҳама розигиву дуои шуморо гирад.

Аз байн як моҳи дигар гузашт. Тифоқо дар деҳа тўй барпо гашт. Мардуми бисёре сари дастархони пурнону намак гирд омада буданд.

Дўстону хешони арўсу домод самимона муборакбод мегуфтанд. Баногоҳ мўйсафед миёни давра баромад.

– Ҳамдеҳагони азиз! Ман ҳар яки шумоёнро мешиносам, нону намакатонро чашидиаам. Маро ҳам медонед. Аз рўзи вафоти писарам як сол зиёд гузашт. Зани ў – духтари ман то имрўз  ҳамроҳам аст, аз сидқи дил хизмати маро карда меояд. Ман якумр миннатдорам. Вале мехоҳам, духтарам, ки ҳоло хеле ҷавон аст, дар зиндагӣ хушбахт бошад, аз хушиҳои рўзгор баҳра бардорад. Нияти ман пок аст. Агар касе бо пою қадами шарофатбор, ба умеди нек дари хонаи маро кўбад… Кӣ медонад, яке тақдираш рафта бошад…

Мўйсафед интизор аст. Мехоҳад, ҳоло ки зинда аст, тўи духтарашро бубинад.

Солҳои 1988-1996

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …