Главная / Гуногун / Ҳикояи Шаколе ва хурўс

Ҳикояи Шаколе ва хурўс

Шаколе56    хурўсеро  дар  хоби  саҳар  бигирифт.  Хурўс фарёд бардошт, ки:

— Ман мўниси бедоронам ва муаззини шабзиндадорон, аз куштани ман бипарҳез ва хуни маро ба теғи тааддӣ марез!

Б а й т

Чаро бе мўҷибе бо ман ситезӣ,

Ки хоҳӣ бе гунаҳ хунам бирезӣ?

gurg

Шакол гуфт:

— Ман ба куштани ту чунон якҷиҳат нестам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз он боз наистам. Хотири худро аз ин ихтиёр бипардохтам ва туро дар ин сурат мухайяр 57 сохтам, ки агар хоҳӣ, ба як зарбати панҷа ҷони туро биситонам ва агар хоҳӣ, туро луқма-луқма тўъмаи худ гардонам!

Қ и т ъ а
Ҷуз ба тадбиру хирад аз сари худ дафъ макун,
Бо ту шарире агар шўру шаре гирад пеш.
Ба тазаррўъ58 масипар роҳи халосӣ, ки ба он
Аз бадаш гар гузаронӣ, батаре гирад пеш

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

idi-qurbon

Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …